Август 22, 2019 17:19 Asia/Dushanbe
  • Содироти 9 миллиарддолларии Эрон ба Ироқ

Раиси Утоқи бозаргонии устони Кирмоншоҳ (ғарби Эрон) аз ҳаҷми 9 миллиарддолларии содироти Эрон ба Ироқ дар соли 2018 хабар дод ва гуфт, устони Кирмоншоҳ бо рақами ҳудуди се миллиард доллар содирот ба Ироқ, саҳми босазое аз ин мубодилоти тиҷорӣ доштааст.

Ба гузориши ИРНА, Кайвони Кошифӣ рӯзи панҷшанбе дар нишасти ҳайати тиҷории вилояти Бобили Ироқ бо туҷҷор ва бозаргонони Кирмоншоҳ, бар лузуми ҳифзу афзоиши содироти Эрон ба Ироқ таъкид кард ва афзуд, стратегияи муҳими Эрон содироти маводи аввалия, афзоиши сармоягузориҳои муштарак ва истифода аз марзҳои муштарак бо Ироқ аст.

Раиси Утоқи бозаргонии устони Кирмоншоҳ ҳамчунин бар лузуми афзоиши транзит байни ду кишвар таъкид кард ва гуфт, бо таваҷҷуҳ ба ин ки Эрон ва Ироқ зарфияти қобили таваҷҷуҳе дар транзити минтақа доранд, имкони афзоиши транзит байни ду кишвар то панҷ баробари мизони феълӣ вуҷуд дорад.

 Содиқ Ҳошими Фозил, раиси Утоқи бозаргонии Бобили Ироқ низ бо ишора ба барномаҳое, ки барои афзоиши мубодилоти тиҷорӣ байни Эрон ва Ироқ вуҷуд дорад, гуфт, дар сафари ахири раисҷумҳури Эрон ба Ироқ тавофуқоте байни сарони ду кишвар сурат гирифт, ки яке аз мавориди он эҷоди се минтақаи озод дар навори марзии Эрон ва Ироқ аст.

Ҳайати иқтисодии вилояти Бобили Ироқ бо ҳадафи густариши ҳамкориҳои тиҷорӣ бо устони Кирмоншоҳ, дар сафари серӯза вориди ин устон шудааст.

Ироқ аз шарикони аслии тиҷории Эрон аст.

 

Барчасп