Август 23, 2019 15:52 Asia/Dushanbe
  • Сардор Тунгсайрӣ: Нерӯҳои фароминтақавӣ ба таври доим расад мешаванд

Фармондеҳи нерӯи дарёии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ гуфт: Нерӯҳои фароминтақавӣ ба таври доим ба василаи сомонаҳои контролии эронӣ расад мешаванд.

Алиризо Тунгсайрӣ, фармондеҳи нерӯи дарёии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ рӯзи ҷумъа дар гуфтугӯ бо ИРНА таъкид бар ин, ки амният бояд дар минтақа бумӣ бошад, зеро амнияти ғайрибумӣ посухгӯ нест, афзуд: Эрон ва ҳафт кашвари ҳамсоя дар ҷануб, яъне Эътилофи 7+1 бояд амнияти Халиҷи Форс, Тангаи Ҳурмуз ва дарёи Уммонро таъмин кунанд.

Вай бо ишора ба ин, ки нерӯҳои Сипоҳи посдорон ба манзури рӯёрӯии эҳтимолӣ бо душман ва дар нутфа хафа кардани таҳдиддот омодагии комил доранд, изҳор кард: Бар асоси фармоишоти мақоми муаззами Раҳбарӣ, ин нерӯҳо муваззафанд дар сояи ин омодагӣ тавони размии худро низ мудом афзоиш диҳанд.