Август 24, 2019 10:36 Asia/Dushanbe
  • Бозгашти Зариф аз сафар ба чаҳор кишвари аврупоӣ ба Теҳрон

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон пас аз сафар ба чаҳор кишвари аврупоии Финляндия, Шветсия, Норвегия ва Фаронса бомдоди шанбе ба Теҳрон бозгашт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон якшанбешаб дар нахустин марҳила аз сафараш ба ин чаҳор кишвари аврупоӣ дар раъси як ҳайати сиёсӣ вориди Хелсинки пойтахти Финляндия шуд.

Зариф рӯзи душанбе дар нахустин барномаи кории худ дар Хелсинки бо Саолӣ Нинисто раиси ҷумҳури Финляндия дар хусуси мавзӯоти байналмиллалӣ ва минтақаӣ ройзанӣ кард.

Зариф сипас ба таври ҷудогона бо вазирони хориҷаи ва тавсеаи ҳамкорӣ ва тиҷорати хориҷии Финляндия дидор ва гуфтугӯ кард.

Вазири умури хориҷаи Эрон пас аз Финляндия озими Шветсия шуд ва ба таври ҷудогона бо Стефан Ловен нахуствазир, Магот Валстром вазири умури хориҷа, Ондериес Норлен раиси маҷлис, Ан Линде вазири тиҷорат ва Карл Билт нахуствазири собиқи Шветсия  дидор кард.

Вазири умури хориҷаи Эрон дар идомаи тури депломатики аврупоӣ чаҳоршанбешаб аз Стокголм  пойтахти Шветсия   вориди Осло пойтахти Норвегия шуд.

Зариф дар Осло низ Ерна Солберг нахуствазир, Ине Ериксон Сореиде вазири хориҷа, Торбион Рое Исаксен вазири тиҷорат, саноат ва шилот ва Аника Ҳатфелд раиси Камиссиони сиёсати хориҷӣ ва дифоии парлумони Норвегия баҳс ва ройзанӣ кард.

Вазири умури хориҷаи Эрон  пас аз Норвегия низ озими Париж пойтахти Фаронса шуд.

Зариф рӯзи ҷумъа дар Париж ҳам ба таври ҷудогона бо Эманоел Макрон раиси ҷумҳур ва Жон Ив Ле Дриан вазири умури хориҷаи Фаронса дидор ва гуфтугӯ кард.

Зариф хотирнишон кард рӯзи ҷумъа ба рағми талошҳои Амрико барои тахриби депломасӣ бо Макрон ва Жон Ив Ле Дриан  дидор ва гуфтугӯ кардааст.

Баррасии равобити дуҷониба, охирин таҳаввулоти минтақаӣ ва байналмиллалӣ, ҳифзи БАРҶОМ ва созу кори Инсеткс аз муҳимтарин меҳварҳои гуфтугӯи вазири умури хориҷаи Эрон бо мақомоти чаҳор кишвари аврупоии Финляндия, Шветсия, Норвегия ва Фаронса буд.