Август 27, 2019 16:34 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Сиёсати Амрико зидди Эрону Чин терроризми иқтисодӣ аст

Вазири умури хориҷии Эрон бо баёни ин ки Амрико рафтори мушобеҳе бо Чину Эрон дорад, гуфт, иқдомоти Амрико зидди Теҳрону Пекин дар ростои сиёсати терроризми иқтисодӣ фишор бар кишварҳои мустақил ва мудохила дар умури дохилии кишварҳост.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷии Эрон, ки рӯзи гузашта бо ҳадафи дидору гуфтугӯ бо вазири умури хориҷии Чин роҳии Пекин шуд, имрӯз, пеш аз тарки Чин дар ҷамъи хабарнигорон бо ишора ба таҳаввулоти минтақаи ғарби Осиё афзуд, Амрико ҳеҷ нақше дар Халиҷи Форс надорад ва ҳузури ин кишвар дар Халиҷи Форс боиси ноамнии ин минтақа мешавад. Зариф ҳамчунин бо ишора ба дидори худ бо Ванг И, вазири умури хориҷии Чин гуфт, дар ин дидор дар бораи барномаи 25-солаи равобити Теҳрону Пекин дар ҳавзаҳои мухталиф ва нақши Эрон дар тарҳи "Як камарбанд - як ҷода" табодули назар шуд.

Вазири умури хориҷии Эрон бо баёни ин ки Эрон аз дер боз дар Ҷодаи Абрешим нақши меҳварӣ доштааст, тасреҳ кард, коридорҳои Ҷануб – Шимол, Ҷануб – Ғарб ва Шарқ – Ғарби Эрон метавонанд дар хидмати тавсеаи минтақа ва иртибототи бештари минтақаӣ ва ҷаҳонӣ бошанд.

Зариф дар бораи сафари худ ба Ҷопон низ гуфт, дар сафари дурӯза ба Токио зимни пайгирии тавофуқҳои сафари Абэ Шинзо, нахуствазири Ҷопон ба Теҳрон дар бораи мушорикати фаъоли Ҷопон дар тавсеаи иқтисодии Эрон ва равобити дуҷониба низ гуфтугӯ хоҳад шуд. Раиси дастгоҳи дипломатии Эрон ҳамчунин дар вокуниш ба изҳороти Эманнуэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса мабнӣ бар омодагии ин кишвар барои баргузории мулоқоти миёни раисони ҷумҳурии Эрону Амрико низ гуфт, дидоре байни раисҷумҳури Эрон ва Трамп қобили тасаввур нест, то замоне ки Амрико ба ҷамъи “Панҷ ба илова як бипайвандад” ва БарҶОМ-ро иҷро кунад.

 

Барчасп