Август 27, 2019 19:32 Asia/Dushanbe
  • Роҳандозии парвози Машҳад – фурудгоҳи Имом Хумайнӣ – Тоҷикистон

Баъд аз барқарории парвози Кеш аз фурудгоҳи Имом Хумайнӣ мудири кулли ширкати “Шаҳри фурудгоҳии Имоми Хумайнӣ” аз роҳандозии масири парвози Машҳад – Шаҳри фурудгоҳии Имом Хумайнӣ – Тоҷикистон ва баръакс хабар дод.

Алии Рустамӣ рӯзи сешанбе дар гуфтугӯ бо хабарнигори ИРНА гуфт, ин парвоз ба унвони парвози иттисолӣ рӯзҳои душанбеи ҳар ҳафта аз Машҳад ба фурудгоҳи Имом меояд ва мақсади баъдии ин парвоз Тоҷикистон хоҳад буд. Вай хабар дод, ки душанбеи ҳафтаи оянда нахустин парвоз дар масири Машҳад – фурудгоҳи Имом – Тоҷикистон бо ширкати ҳавопаймоии “Вориш” барқарор мешавад. Мудири кулли ширкати “Шаҳри фурудгоҳии Имом Хумайнӣ” идома дод: “Ширкатҳои ҳавопаймоие, ки парвозҳои хориҷӣ доранд, барои он ки ҳавопайморо холӣ ба фурудгоҳи Имом интиқол надиҳанд, метавонанд барои фурӯши парвозҳои дохилӣ барномарезӣ кунанд”.

Ин тасмим дар пайи ифтитоҳи тарминали «Галерея салом»-и Шаҳри фурудгоҳии Имом Хумайнӣ ва интиқоли бахше аз парвозҳои байналмилалӣ ба ин тарминал, ки зарфияти ҷадидеро дар тарминали яки ин маҷмӯа эҷод кард, иттихоз шуд.