Сентябр 22, 2016 20:16 Asia/Dushanbe
  • Паёми Раҳбари инқилоб ба муносибати ҳафтаи Дифои муқаддас

Раҳбари муаззами Инқилоби исломӣ дар паёме ба муносибати ҳафтаи "Дифои муқаддас" ва рӯзи таҷлил аз шаҳидон ва исоргарон, муваффақияти имрӯзи миллати Эронро марҳуни рашодати онон донистанд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ-Раҳбари Инқилоби исломӣ рӯз панҷшанбе дар ин паём, зимни гиромидошти ҳафтаи "Дифои муқаддас" ва таҷлил аз шуҳадо ва исоргарони ин арса тасреҳ карданд, саломи Худо бар шуҳадо, ки зиндагӣ ва маргашон мояи эътилои ҷомеаи исломӣ аст.

Дар матни ин паём, ки ҳамзамон бо маросими атрафшонӣ ва гулборони мазори шаҳидон дар саросари Эрон қироат шуд, омадааст, Худовандро сипос, ки дар даврони мо, маънӣ ва мазмуни волои шаҳодатро, таҷассум бахшид ва дилҳои пок ва равшанеро муштоқи он сохт.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар ин паём бо таъкид бар ин ки шуҳадо ва исоргарони даврони "Дифом муқаддас", акнун фазои зиндагии мардуми Эронро бо маънавияти худ равшан кардаанд, афзуданд, чашмҳои бино ва дилҳои бедор аз ин фазо баҳра мебаранд ва захираи маънавӣ, ки ҷонмояи ҳаракат ба сӯи тамаддуни навини исломӣ аст, рӯз ба рӯз афзоиш меёбад ва зиндагиро рӯҳу тароват мебахшад.

Ҳафтаи "Дифои муқаддас", ки аз дирӯз дар Эрон оғоз шуда, солгарди ҳамлаи ноҷавонмардонаи режими Баъси Ироқ ба Эрон дар соли 1980 аст.