Август 29, 2019 17:28 Asia/Dushanbe
  • Сарнагунии паҳподи амрикоӣ амалиёти равонии Сояи ҷангро хунсо кард

Фармондеҳи нерӯи ҳаво фазои Сипоҳ гуфт ; сарнагунии ҳавопаймои фувқи пешрафтаи ҷосусии Амрико дар фазои сарзамини Эрон аз сӯи нерӯи ҳавофазои Сипоҳ, амалиёти равонии Сояи ҷангро аз байн бурд.

Сардор Амир Алии Ҳиҷизода фармондеҳи нерӯи ҳавофазои Сипоҳ бо баёни ин,ки мутмаин будем ҳамлае ба Эрон сурат нахоҳад гирифт, афзуд;амалиёти равонии густардае бинобар ҳамла ба Эрон, ҳурбаи душман барои бозгардони Эрон бапои мизи музокира буд

Сардор Ҳоҷизода, тасриҳ кард; Эрон имрӯз ба нуқтае расидааст,ки ҳавопаймои фувқи пешрафтаи ҷосусии амрикоиҳоро соқит мекунад ва амрикоиҳо на танҳо иқдоме намекунанд балки ба хотири ҳадаф қарор надодани дигар ҳавопаймои кишварашон аз Эрон қадрдонӣ мекунанд.

Фармондеҳи нерӯи ҳавофазои Сипоҳ хотирнишон кард; бо сарнагунии паҳподи амрикоӣ барои аввалинбор мардуми ҷаҳон фаҳмиданд,ки қудрати Амрико пушолӣ аст.

Паҳподи ҷосусии Амрико 20 июн пас аз таҷовуз ба ҳарими сарзаминии ҷумҳурии исломии Эрон аз сӯи нерӯи ҳавофазои Сипоҳ ҳадаф қарор гирифт ва аз байн бурда шуд.

Барчасп