Зариф; Эрон ба надозаи тарфҳои дигар ба БАРҶОМ пойбанд хоҳад монд
Вазири умури хориҷаи Эрон, зимни дархост аз тарафҳои аврупоии БАРҶОМ барои пойбандии комил ба ин тавофуқ гуфт; ҷумҳурии исломии Эрон ба андозаи тарафҳои дигар ба БАРҶОМ пойбанд хоҳад монд.
Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон дар мусоҳиба бо шабакаи хабарии Bernama Бирнама и Малазӣ шарти гуфтугӯ бо Амрикоро эҳтироми ин кишвар ба таъаҳудоти БАРҶОМ эълом кард.
Муҳаммад Ҷавод Зариф, бо баёни ин,ки барои ширкат дар сатҳи олии Маҷмаъи умумии Созмони Милалли Муттаҳид, охирҳои моҳи сентиябр ба Ню Йорк сафар мекунад, афзуд; Амрико мувазаф аст,ки кишварҳои узви Созмони Милаллро дар фаъолиятҳои ин Созмон дар Ню Йорк шарик бидонад.
Ҳамчунин вазири умури хориҷаи Эрон дар мусоҳиба бо хабарнигорон дар Кулоломпур гуфт; агар Амрико хоҳони музокира аст бояд ибтидо ба тавофуқи ҳастаии соли 2015 эҳтиром бигузорад ва мутаъаҳид ба иҷроии он шавад.
Зариф бо баёни ин,ки Амрико даргири ҷанги иқтисодии зидди мардуми Эрон аст, таъкид кард; имкони музокира бо амрикоиҳо вуҷуд надорад, магар ин,ки онҳо аз таҳмили ҷанг ва терорризми иқтисодии зидди мардуми Эрон даст бардоранд.
Вазири умури хориҷаи ҷумҳурии исломии Эрон субҳи ( ҷумъа ) имрӯз пас аз дидор ва гуфтугу бо мақомоти Чин, Ҷопон, ва Малайзияро ба мақсади Теҳрон тарк кард.
Баррасии робитаҳои дуҷониба ва муҳимтарин масоили минтақаӣ ва байналмиллалӣ аз меҳварҳои гуфтугуҳои вазири умури хориҷаи Эрон бо мақомоти Чин, Ҷопон ва Малайзия будааст.