Август 31, 2019 13:04 Asia/Dushanbe
  • Дидори вазирони хориҷаи Эрон ва Русия ; душанбе дар Маскав

Сухангуи вазорати умури хориҷаи Эрон аз дидори ояндаи вазирони умури хориҷаи Эрон ва Русия дар Маскав хабар дод.

 Сайид Аббоси Мусавӣ сухангуи вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи шанбе дар саҳифаи шахсии худ дар ТВИТТЕР навишт; Муҳаммад Ҷавод Зариф вазири умури хориҷаи Эрон ва Сергей Лавров вазири умури хориҷаи Русия рӯзи душанбе дар Маскав бо якдигар дидор ва дар хусуси масоили мавриди алоқа аз ҷумла БАРҶОМ гуфтугу хоҳанд кард. Вазири умури хориҷаи Эрон бомдоди душанбе 26 Август низ сафари осиёии худ ба се кишвари Чин,Ҷопон ва Малайзияро оғоз кард. Баррасии робитаҳои дуҷониба ва муҳимтарин масоили минтақаӣ ва байналмиллалӣ аз меҳварҳои гуфтугуи вазири умури хориҷаи Эрон бо мақомоти Чин, Ҷопон ва Малайзия буд.

Барчасп