Сентябр 22, 2016 21:35 Asia/Dushanbe
  • Суханронии раиси Ҷумҳури Исломи Эрон дар иҷлоси Созмони милал

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, густариши терроризми бидуни марз, хашин ва ифротӣ натиҷаи роҳбурдҳои амниятии қудратҳои бузург дар 15 соли гузаштааст.

Рӯҳонӣ асри имрӯз дар иҷлоси солиёнаи Маҷмаи умумии Созмони милал бо ишора ба иддаои террористҳо барои ташкили ҳукумат дар сарзаминҳои Шом, Ироқ ва Либия гуфт, ин гурӯҳҳо бо тарвиҷи омӯзаҳои ифротӣ ва такфирӣ, дини раҳмат ва муҳаббатро ба абзоре барои хушунат ва ваҳшат табдил кардаанд ва имрӯз бурузи хушунат дар минтақаи Ховари Миёна ва шимоли Африқо, шитоби ҳайратовар ба худ гирифта ва ин минтақа гирифтори ваҳшёнатарин хушунатҳо ва мухаррибтарин сиёсатҳо шудааст.

Рӯҳонӣ таъкид кард, шак нест, ки агар бихоҳем раванди хатарноки феълӣ мутаваққиф шавад ва минтақа дар масири тавсеа ва оромиш қарор гирад, бархе кишварҳои минтақа бояд даст аз бомбаборони ҳамсоягон ва ҳимоят аз гурӯҳҳои такфирии террористӣ бардоранд.

Вай тасреҳ кард, давлати Арабистони Саудӣ агар ба тавсеаи худ ва амнияти минтақа чашм дӯхтааст, бояд аз идомаи сиёсатҳои тафриқаафканона, тарвиҷи идологияи нафрат ва таарруз ба ҳуқуқи ҳамсоягон бозистад, масъулияти худ нисбат ба ҳаёт ва ҳурмати зоиронро бипазирад ва равобити худро бар пояи эҳтироми мутақобил ва масъулиятпазирӣ дар қиболи миллатҳои минтақа танзим кунад.

Рӯҳонӣ бо баёни ин ки решакан кардани хушунат дар минтақа, бидуни мардумсолорӣ, иртиқои ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва тавсеаи иқтисодӣ муяссар нест, таъкид кард, Эрон бо ҳаргуна фирқагароӣ ва доманзадан ба ихтилофоти мазҳабӣ мухолиф ва муътақид аст, ки мусулмонон, ҳам шиа ва ҳам суннӣ қарнҳост, ки дар канори якдигар, бо эҳтиром ва иттиҳод, бародарона зиндагӣ карда ва хоҳанд кард.

Вай, таҷрибаи гуфтугӯ миёни Эрон ва кишварҳои 5+1 ва дастёбӣ ба тавофуқи ҳастаиро намунае муваффақ аз сиёсати эътидол ва рӯйи овардан ба гуфтугӯ донист ва гуфт, Иёлоти муттаҳида ба хубӣ медонад, ки БАРҶОМ акнун як санади пазируфта шудаи чандҷониба аст ва ҳар гуна бадаҳдӣ дар иҷрои он ба беэътибории бештари Иёлоти муттаҳида дар сатҳи ҷаҳон меанҷомад.