Сентябр 01, 2019 19:45 Asia/Dushanbe
  • Хатту нишони Ҳасани Рӯҳонӣ барои раисҷумҳури Фаронса

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон шанбешаб дар тамоси телефонии Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса таъкид кард: Агар Аврупо натавонад тааҳҳудоти худро амалиётӣ кунад, Эрон гоми севвум дар коҳиши тааҳҳудоти Барҷомиро иҷро мекунад.

Ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии раёсатҷумҳурӣ, Ҳасани Рӯҳонӣ дар ин гуфтугӯи телефонӣ талошҳои Париж дар ҳифзи Барҷомро ҷиддӣ донист ва гуфт: Сафари Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири хориҷаи Эрон ба Фаронса барои афкори умумӣ ва сиёсии минтақа ва ҷаҳон дорои аҳамият ва қобили таваҷҷӯҳ буд.

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бо баёни ин, ки руйкарди аслии Эрон ҳифзи Барҷом будааст, таъкид кард: Иҷрои комили таҳҳудоти тарафайн дар Барҷом ва таъмини амнияти киштиронии озод дар ҳамаи оброҳҳо, аз ҷумла Халиҷи Форс ва Тангаи Ҳурмуз ду ҳадафи аслии Эрон дар музокироти кунунӣ аст.

Рӯҳонӣ гуфт: Пас аз ин иқдоми якҷонибаи Амрико дар хурӯҷ аз Барҷом, кишварҳои аврупоӣ иқдоме амалӣ дар масири иҷрои тааҳҳудоти худ надоштанд.

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон рафъи комили ҳамаи таҳримҳо алайҳи Эронро заминасозии музокироти баъдӣ донист.

 

Барчасп