Чор рӯзи дигар, замони эъломи гоми севвуми Эрон дар БАРҶОМ
Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт; иҷроии гоми севвум коҳиши таъаҳудоти БАРҶОМИИ Эрон дар мароҳили поёнии тасмимгирӣ қарор дорад.
Ба нақл аз хабаргузории Садо ва симо, Муҳаммад Ҷавод Зариф вазири умури хориҷаи Эрон пас аз поёни нишасти камисиюни Амнияти миллии маҷлиси Эрон афзуд; агар аврупоиҳо то панҷшанбе (5 сентиябр ) иқдомоти лозимро дар хусуси БАРҶОМ анҷом надиҳанд, Эрон иҷроии Гоми севввумро ба онҳо эълом хоҳад кард.
Зариф таъкид кард; бар асоси тасмиме,ки дар ҳаштуми май иблоғ шудааст Эрон дар номае ба аврупоиҳо гоми севвуми коҳиши таъаҳудоти БАРҶОМ ии худро ба онҳо эълом кард.
Вазири умури хориҷаи Эрон дар бораи дидори ахираш бо Эмануел Макрун, раиси ҷумҳурии Фаронса ва гуфтугуи раисони ҷумҳурии Эрон ва Фаронса афзуд; Ҷумҳуриии исломии Эрон ҳеҷ гоҳ мизи музокираро тарк накарда ва ҳамеша эълом кардааст,ки барои иҷроии БАРҶОМ омодагӣ дорад ва агар аврупоиҳо ба таъаҳудоти худ амал кунанд, Эрон низ иҷроии таъаҳудоти худро аз сар мегирад.
Зариф дар хусуси вазъияти созу кори моллии Эрон ва Аврупо мавсум ба INSTEX ИНСТЕКС ҳам гуфт; ИНСТЕКС муқадимае барои иҷроии таъаҳудоти аврупоиҳо ва дигар аъзои БАРҶОМ, 11 таъаҳуд додаанд,ки албатта Эрон ба ҳеҷ ваҷҳ Чин ва Русияро канори Аврупо қарор надодааст.
Зариф тасриҳ кард; Чин ва Русия ҳамвора ба робитаҳои худ бо Эрон идома додаанд аммо аврупоиҳо тақрибан робитаҳои тиҷории худро бо Эрон қатъ карданд ва зарурат дорад,ки онҳо иқдомоти лозимро анҷом диҳанд.