Сентябр 03, 2019 13:30 Asia/Dushanbe
  • Ройзании сафири Эрон ва вазири умури хориҷаи Уммон бо меҳварияти таҳаввулоти минтақа

Сафири Эрон дар Уммон ва вазири умури хориҷаи ин кишвар дар бораи равобити дуҷониба ва охирин таҳаввулоти минтақа дидор ва табодули назар карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муҳаммадризо Нурии Шоҳрудӣ сафири Эрон дар Уммон дар дидор бо Юсуф бин Алавӣ вазири умури хориҷаи Уммон гуфт, Теҳрон ҳамвора аз сулҳу субот дар минтақа ҳимоят карда ва акнун низ тарҳи имзои паймони манъи таҷовуз бо кишварҳои минтақаро матраҳ кардааст. Нурии Шоҳрудӣ бо баёни ин ки Эрон ба дунболи субот ва оромиш дар минтақааст, афзуд, бархе қудратҳои хориҷӣ бо иқдомоти мухарриб, муҷиби бесуботии минтақа мешаванд. Вазири умури хориҷаи Уммон низ равобити Маскат-Теҳронро ру ба густариш тавсиф кард ва гуфт, Уммон ва Ҷумҳурии исломии Эрон дар заминаҳои сиёсӣ ва минтақаӣ ҳамоҳанг ва доиман дар ҳоли ҳамфикрӣ ва табодули назар ҳастанд. Ҳамоҳангӣ ва ҳамкорӣ дар маҳфилҳо ва маҷмаъҳои байналмиллалӣ аз дигар меҳварҳои дидор ва гуфтугӯи сафири Эрон дар Уммон ва вазири умури хориҷаи ин кишвар эълом шудааст.