Сентябр 04, 2019 09:59 Asia/Dushanbe
  • Тавсеаи мутавозини равобит, меҳвари депломасии Эрон

Ҷумҳурии исломии Эрон барои муқобила бо ҷанги иқтисодии Амрико гузинаҳои мутаадидеро дар ихтиёр дорад. Яке аз ин гузинаҳо истифода аз зарфиятҳои дохилӣ барои тавсеаи иқтисодӣ ва ба мувозоти он танаввуъ бахшидан ба равобити мутавозини иқтисодӣ ва баҳрагирӣ аз фурсатҳо ва зарфиятҳои ҳамкории минтақаӣ аст.

Дар ин росто руйкардҳои мухталифе дар муносиботи хориҷии Эрон мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст, ки маҳофили хабарӣ ва сиёсӣ аз он ба унвони депломасии иқтисодии Эрон дар муқобили таҳримҳои Амрико ном мебаранд.

Аз дидгоҳи нозирони сиёсӣ-иқтисодӣ лозимаи фаол шудани зарфиятҳои дохилӣ барои тавсеаи иқтисодӣ баҳрагирӣ аз фурсатҳо ва зарфиятҳои минтақаӣ аст. Дар ин чорчуб депломасии иқтисодии Эрон илова бар тавсеаи муносиботи дуҷониба, бар тақвияти минтақагароӣ ва ҳамкорӣ бо иттиҳодияҳои минтақаӣ монанди Иттиҳодияи АвруОсиё, О.С.ОН, Созмони ҳамкории иқтисодии ЭКО ва маҷмаи кишварҳои ҳошияи уқёнуси Ҳинд мутамаркиз аст. Рафту омадҳои ҳайатҳои сиёсӣ ва иқтисодии Эрон дар ҳафтаҳои ахир ва аз ҷумла дидорҳои осиёии вазири умури хориҷаи Эрон, ки акнун бо сафари Муҳаммадҷаводи Зариф ба Бангладеш идома ёфтааст, дар ҳамин росто қобили арзёбӣ аст.

Вазири умури хориҷаи Эрон дар ин сафар илова бар дидорҳои дуҷониба дар иҷлоси маҷмаи кишварҳои ҳошияи уқёнуси Ҳинд низ ширкат ва суханронӣ мекунад. Қарор аст Зариф пас аз Бангладеш озими Индонезия шавад ва бо мақомоти баландпояи ин кишвар дар хусуси мавзӯоти дуҷониба ва таҳаввулоти ҷаҳони ислом баҳсу гуфтугӯ кунад.

Ҳузури Зариф дар иҷлоси Иттиҳодияи ҳамкориҳои минтақаии ҳошияи уқёнуси Ҳинд ва дар идомаи ин сафар дидор аз Индонезия аз ду ҷанба ҳоизи аҳамият аст.

Ҷанбаи нахусти аҳамияти ин сафар гуфтугӯ дар чорчуби равобити дуҷонибаи Эрон бо ду кишвари исломӣ дар ҳавзаи равобити осиёӣ аст. Аз ин ҷиҳат ин сафар фурсате барои пайгирии аҳдофи муштараки иқтисодӣ ва тиҷорӣ аст.

Ҷанбаи дуввуми аҳамияти ин сафар, ҳузури вазири умури хориҷаи Эрон дар нишасти рӯзи панҷшанбеи Иттиҳодияи ҳамкориҳои минтақаии ҳошияи уқёнуси Ҳинд дар  Дакка пойтахти Бангладеш аст.

Дар иҷлоси панҷуми сентябри Иттиҳодияи ҳамкориҳои минтақаии ҳошияи уқёнуси Ҳинд (IORA) мақомҳои баландпояи кишварҳои ин ҳавзаи бузурги ҷуғрофиёӣ ҳузур доранд. Иттиҳодияи ҳамкориҳои минтақаии ҳошияи уқёнуси Ҳинд бо 19 кишвари узв аз се қорраи Осиё, Африқо ва Уқёнусия беш аз 2 миллиард нафар ҷамъияти ҷаҳонро дар бар мегирад.

Алии Саббоғиён устоди донишгоҳ ва пажуҳишгар дар ҳавзаи равобити байналмиллал дар бораи аҳамият ва нақши Иттиҳодияи ҳамкориҳои минтақаии ҳошияи уқёнуси Ҳинд мегуяд, ин иттиҳодия, ки асосан ба унвони ибтикори ҳошияи уқёнуси Ҳинд шинохта мешаавад, бар мавориде ҳамчун тақвияти рушди пойдор ва тавсеаи мутавозин дар минтақа ва байни аъзои иттиҳодия тамаркуз дорад. Ба ҳамин ҷиҳат ин иттиҳодия дар густариши озодсозии тиҷорӣ ва ҳазфи мавонеи мавҷуд бар сари роҳи ҷараёнҳои тиҷорат, сармоя ва фанноварӣ дар минтақаи уқёнуси Ҳинд нақши муҳимме ифо мекунад.

Ҷумҳурии исломии Эрон дар шароити ҳассос ва дар айни ҳол печида ва таинкунандае қарор гирифтааст. Таҳримҳо ва фишорҳои золимонаи байналмиллалӣ, ки умдатан ба далели пойдорӣ ва муқовимати Ҷумҳурии исломии Эрон бар аҳдоф ба ҳаққи худ будааст, раванди тавсеаи иқтисодии кишварро бо мавонеи душворе ру ба ру сохтааст. Истифода аз абзори таҳрим, ташдиди фишорҳои байналмиллалӣ ва талоши густарда барои мунзавӣ кардани Эрон, се роҳбурди аслии Амрико дар ин мақтаъ аст. Аммо убур аз ин шароит ба сахтии гузашта нест ва қатъан гузинаҳои мутаадиде пеши руи Эрон қарор дорад, ки бо истифода аз онҳо метавон бар ин душвориҳо ғалаба кард. Яке аз муаллифаҳои аслӣ барои убур аз шароити феълӣ ва муқобила бо терроризми иқтисодии Амрико тавсеаи мутавозини равобити хориҷӣ ва иқтисодӣ аст, ки акнун дар дастури кори дастгоҳи сиёсати хориҷии Эрон қарор гирифтааст.

Ҳадафи роҳбурдии депломасии иқтисодии Эрон истифода аз зарфиятҳои дохилӣ ва дар айни ҳол иртиқои ҷойгоҳи иқтисодии Эрон дар арсаи таомулоти минтақаӣ ва байналмиллалӣ аст. Дар воқеъ Ҷумҳурии исломии Эрон бо иттихози сиёсати хориҷии фаол ва ҳушманд, зимни дифоъ аз ҳуқуқи хууд дар арсаҳои байналмиллалӣ дар муқобили низоми султа истодааст.