Сентябр 05, 2019 13:38 Asia/Dushanbe
  • Имзои тафоҳумномаи ҳамкорӣ байни китобхонаҳои миллии Эрон ва Узбакистон

Тафоҳумномаи ҳамкорӣ байни китобхонаҳои миллии Эрон ва Узбакистон имзо шуд.

Дар ҳошияи нишасти минтақаии шиносоӣ ва табодули мероси мустанад, ки бо ҳузури намояндагоне аз барномаи ҳофизаи ҷаҳонии ЮНЕСКО аз кишварҳое чун Австралия, Тоҷикистон, Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Ҳинд, Туркия, Покистон ва Узбакистон баргузор шуд, субҳи имрӯз (чаҳоршанбе 13 шаҳривармоҳ) тафоҳумномаи ҳамкорӣ байни китобхонаи миллии Узбакистон ва Созмони аснод ва китобхонаи миллии Эрон имзо шуд.

Дар идомаи ин тафоҳумнома бар таҳия ва тадвину барӯзсозии пойгоҳи иттилооти китобшинохтӣ дар хусуси шинохти ду кишвари Узбакистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ва мубодилаи иттилоот ва ёфтаҳои он, ташкили давраҳои коромӯзӣ ва бозомӯзӣ барои коршиносон бар асоси алоқамандии тарафайн, баргузории намоишгоҳҳои маҷозӣ (компютерӣ) дар бораи китобхонаҳои худ, табодули таҷриба дар баргузории муштараки нишастҳо, семинарҳо ва конфронсҳо, давраҳои омӯзишӣ, ҳамчунин корбурди фанновариҳои илмӣ ва дастовардҳои илмии ҷадид дар ҳавзаи китобхонаӣ ва иттилоърасонии тарафайн ишора ва таъкид шудааст.

Ашрафи Буруҷердӣ, раиси китобхонаи миллии Эрон хитоб ба раиси китобхонаи миллии Узбакистон гуфт, умед аст ин сафар ва ин дидор бо дастовардҳои хубе барои шумо ҳамроҳ бошад ва маводи тафоҳумнома тайи ҳамкории фимобайн амалӣ шавад.

Дар идомаи ин дидор, илова бар ин ки ҳадоёе аз сӯи Умеда Тошибоева бо мазмуни ошноӣ бо фарҳанг, таърих ва ҳувияти Узбакистон ба Буруҷердӣ эҳдо шуд, символ ва намоди китобхонаи миллии Эрон ба ҳамроҳи китоби номоварони Эронзамин низ ба раиси китобхонаи миллии Узбакистон ироа шуд.