Фаро расидани Тосуои Ҳусейнӣ таслият бод
Душанбе 18 шаҳривари ҳиҷрии хуршедӣ ва 9 сентябри 2019 мелодӣ нуҳӯмин рӯзи моҳи муҳаррами соли 1441 ҳиҷрии-қамарӣ ва рӯзи Тосуои Ҳусейнӣ аст.
Мардуми худоҷӯй ва мӯъмини Эрони исломӣ дар саросари ин кишвар бо ҳузур дар ҳусейнияҳо, масҷидҳо ва ҳамаи маконҳои муқаддас дар сӯги сайиду солори шаҳидон ва дигар шуҳадои Карбало, бахусус ҳазрати Аббос ибни Алӣ, бародари гиромии Имом Ҳусейн (а) азодорӣ мекунанд.
Ҳамаи бозорҳо, идораҳо, донишгоҳҳо, ҳавзаҳои илмия ва воҳидҳои тавлидӣ ва санъатӣ дар Тосуо ва Ошурои Ҳусейнӣ дар Эрон таътил ва сиёҳпӯш аст.
Бо гузашти қарнҳо аз воқеаи ҷонсӯзи Карбало ва шаҳодати Имом Ҳусейн (а) ва ёрони вафодораш, на танҳо аз аҳамият ва ҷойгоҳи ин воқеа коста нашуда, балки ҳар чи мегузарад, паёми Ошуро густурдатар ва оинҳои азодорӣ бо шӯру дарки бештаре баргузор мешавад.
Радиои тоҷикии Садои Хуросон фаро расидани Тосуои Ҳусейниро ба ҳамаи мусулмонон ва озодихоҳони ҷаҳон таслият мегӯяд.