Сентябр 12, 2019 17:26 Asia/Dushanbe
  • Олитарин мақоми низомии Чин: Пекин равобит бо Теҳронро роҳбурдӣ медонад

Муовини Комиссияи марказии низомии Чин дар дидор бо ҳамтои эронии худ равобити Пекин бо Теҳронро роҳбурдӣ хонд ва гуфт, Чин омодаи густариши равобит бо Эрон аст.

Ба гузориши хабаргузории Форс, генерал Шу Клионг, муовини Комиссияи марказии низомии Чин рӯзи чаҳоршанбе дар дидор бо сарлшкар Муҳаммадҳусайни Боқирӣ, раиси ситоди кулли Нируҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард, ки Пекин равобит бо Теҳронро роҳбурдӣ медонад ва омодаи густариши ин равобит аст.

Вай ду кишварро «дӯстони хуб» хонд ва гуфт: «Таҳти раҳбарии сарони ду кишвар, шаркии роҳбурдии Чин ва Эрон ба сурати мудовим тавсеа ёфта афзоиш аст. Чин ҳамвора равобити Чин-Эронро аз манзари роҳбурдӣ менигарад ва барои тақвияти тамосҳо ва ҳамоҳангиҳо бо Эрон, таъмиқи ҳамкориҳо дар тамоми ҳавзаҳо, нигаҳдории муштарак аз манофеи асосии ду кишвар ва сулҳу суботи минтақаӣ ва ҳамкорӣ барои сохти ояндае муштарак барои ҷомеаи инсонӣ, омодагӣ дорад.»

Муовини Комиссияи марказии низомии Чин афзуд: «Нируи низомии Чин барои густариши ҳамкории дӯстона бо нируи низомии Эрон аҳаммияти фавқулодае қоил аст ва барои ҳамкорӣ бо Эрон дар ҷиҳати тақвияти беш аз пеш дидорҳои сатҳи боло, густариши ҳамкорӣ дар ҳавзаҳое назири мубодилоти ҷангафрӯзӣ, омӯзиш, таҳсил ва тавсеаи мудовими равобити низомии дуҷониба, омодагӣ дорад.»

Комиссияи марказии низомии Чин, олитарин ниҳоди низомии ин кишвар аст ва раёсати он бар ӯҳдаи Си Ҷинпинг, раисиҷмуҳур ва  фармондеҳи кулли қувои Чин аст. Генерал Клионг ба унвони муовини аввали ин комиссия, олитарин мақоми низомии Чин ба шумор меояд.