Сентябр 12, 2019 18:42 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши шумори мутақозиёни хориҷии таҳсил дар Донишгоҳи Фирдавсӣ

Мудири ҳамкориҳои байналмилалии Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад (шимолу шарқи Эрон), аз афзоиши шумори мутақозиёни хориҷии таҳсил дар ин донишгоҳ хабар дод.

Ба гузориши ИРНА, Эҳсони Қабул, мудири ҳамкориҳои илмӣ, байналмилалӣ ва умури донишҷӯёни ғайриэронии Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад бо баёни инки ба тозагӣ ҳазору 400 дархост барои соли таҳсилии ҷадид дарёфт шудааст, афзуд, бо таваҷҷуҳ ба гунҷоиш ва стандартҳои Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад, ниме аз мутақозиёни хориҷии таҳсил дар ин донишгоҳ пазируфта хоҳанд шуд.

Ба гуфтаи мудири ҳамкориҳои илмӣ, байналмилалӣ ва умури донишҷӯёни ғайри эронии Донишгоҳи Фирдавсӣ, ҳамакнун ҳазору 700 донишҷӯи хориҷӣ аз 24 кишвари ҷаҳон дар Донишгоҳи Фирдавсӣ машғул таҳсил ҳастанд.

Донишгоҳи Фирдвасии Машҳад, севумин донишгоҳи таъсис шуда дар Эрон пас аз донишгоҳҳои Теҳрон ва Табриз бо беш аз шашдаҳа собиқа аст.