Сентябр 14, 2019 13:34 Asia/Dushanbe
  • Масъалаи Идлиби Сурия - мавзӯи аслии гуфтугӯи сарони Туркия, Эрон ва Русия

Раисҷумҳури Туркия гуфт, дар нишасти сарони Эрон, Русия ва Туркия масъалаи Идлиби Сурия матраҳ хоҳад шуд.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон рӯзи ҷумъа дар ҷамъи хабарнигорон бо ишора ба нишасти сарони се кишвари Эрон, Русия ва Туркия дар Анкара гуфт, дар ин нишаст шароити вилояти Идлиб дар шимоли ғарби Сурия ва мубориза бо террористҳо баррасӣ мешавад.

Нишасти сарони Эрон, Русия ва Туркия бо ҳузури Ҳасани Рӯҳонӣ, Владимир Путин ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон рӯзи душанбе дар Анкара - пойтахти Туркия баргузор мешавад.

 

Барчасп