Зангана: Амрико натавонист содироти нафти Эронро сифр кунад
Вазири нафти Эрон бо ишора ба таҳдидҳои Амрико ва фишор ба дигар кишварҳо дар бораи нафти Эрон гуфт: Амрико натавонист содироти нафти Эронро сифр кунад.
Бежан Номдори Зангана, вазири нафти Эрон рӯзи шанбе дар ҳошияи имзои қарордои тавсиаи майдони гозии Билол (бахши шарқии майдони гозии Порси Ҷанубӣ) бо ду ширкати эронӣ дар Теҳрон афзуд: Таҳримҳои Амрико натавонист содироти нафти Эронро таваққуф кунад.
Зангана бо ишора ба ин, ки тамоми сакуҳои 27 фози Порси Ҷанубӣ то поёни имсол насб мешавад тасреҳ кард: Бо вуҷуди шадидтарин таҳримҳо, Эрон дар Порси Ҷанубӣ на танҳо аз тарафи муқобил ақиб нест, балки дар тавлиди рӯзона ҷулӯтар ҳам аст.
Вазири нафти Эрон бо баёни ин, ки мавзӯи хатти эътибори 15 миллиарддолларии Аврупо ба маънои коҳиши таҳримҳо нест, таъкид кард: Аз назари санъати нафт, коҳиши таҳримҳо ба маънои фурӯши нафт хоҳад буд.
Зангана дар бораи қарордоди тавсиаи майдони гозии Билол бо ду ширкати эронӣ низ изҳор кард: Муддати ин қарордод 34 моҳа аст ва ҳазинаи анҷомшуда барои он низ 440 миллион доллар аст.