Помпео: Эрон масъули ҳамла ба таъсисоти нафтии Арабистон аст!
Вазири хориҷаи Амрико шанбешаб бидуни овардани ҳеҷ гуна санаду далеле Эронро масъули ҳамла ба таъсисоти нафтии Арабистон муаррифӣ кард.
Ба гузориши хабаргузории Форс, Майк Помпео дар Тветтер бо такрори иддаоҳои беасос алайҳи Ҷумҳурии исломии Эрон, муддаӣ шуд,ки Теҳрон пушти амалиёти паҳподии яманиҳо алайҳи таъсисоти нафтии Арабистони саудӣ будааст.
Қисми паҳподии артиш ва кумитаҳои мардумии Яман рӯзи шанбе дар посух ба ҷиноятҳои эътилофи саудӣ дар Яман, бо 10 паҳподи бумӣ, полоишгоҳҳои "Абқайқ" (Abqaiq) ва "Хурайс" (Khurais)-и вобаста ба ширкати миллии нафти Арабистон "АРАМКО"-ро ҳадаф қарор дод.
Пас аз ин амалиёт, Яҳё Сареъ-сухангӯи нируҳои мусаллаҳи Яман дар баёнияе таъкид кард: Амалиёти мазкур дар чорчуби ҳаққи табиӣ ва қонунии яманиҳо дар посухгӯӣ ба ҷиноятҳои эътилофи мутаҷовиз ва муҳосираи панҷсолаи Яман сурат гирифтааст.
Помпео ахиран низ дар идомаи сериали иттиҳомзаниҳои худ алайҳи Эрон муддаӣ шуда буд, ки Ҷумҳурии исломии Эрон ба Ямани муҳосирашуда, силоҳ ирсол мекунад.
Мақомоти яманӣ аммо борҳо ин иддаоро рад ва таъкид кардаанд,ки қудрати дифоъии артиши ин кишвар комилан бумӣ ва бо вуҷуди муҳосираи ҳамаҷонибаи Яман тавассути режими саудӣ рӯз ба рӯз дар ҳоли афзоиш аст.
Арабистон бо ҳимояти Амрико, Аморот ва чанд кишвари дигар аз марти 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, баҳрӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст. Ҷангафрӯзии Арабистон ва муттаҳидонаш дар Яман то кунун ба кушта шудани беш аз шонздаҳ ҳазор яманӣ, захмӣ шудани даҳҳо ҳазор нафар ва оворагии миллионҳо яманӣ мунҷар шудааст.
Режими Саудӣ ва Амрико то кунун ба далели муқовимати мардуми Яман натавонистаанд ба аҳдофи худ дар ин кишвар (ба қудрат расондани дастнишондагони худ) бирасанд.