Мусавӣ: Фишори ҳаддиаксарии Амрико ба дурӯғи ҳаддиаксарӣ гароиш ёфтааст
Сухангӯии вазорати умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба иддаои зиддиэронии мақомҳои амрикоӣ гуфт: Фишори ҳаддиаксарии Амрико ба дурӯғи ҳаддиаксарӣ гароиш ёфтааст.
Дар пайи ҳамлаи паҳподии артиш ва кумитаҳои мардумии Яман ба таъсисоти нафтии ширкати АРАМКО дар шарқи Арабистон, Майк Пампео-вазири умури хориҷаи Амрико рӯзи шанбе дар иддаои тоза Эронро масъули ин ҳамла донист. Дар пайи ҳамлаи паҳподии артиш ва кумитаҳои мардумии Яман ба таъсисоти нафтии ширкати АРАМКО дар шарқи Арабистон, Майк Пампео-вазири умури хориҷаи Амрико рӯзи шанбе дар иддаои тоза Эронро масъули ин ҳамла донист.
Сайид Аббос Мусавӣ-сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи якшанбе бо баёни инки иттиҳомзаниҳо ва изҳори назарҳои кӯр ва беҳосили мақомоти амрикоӣ дар чорчуби дипломатӣ ғайри қобили дарк ва бемаънӣ аст, афзуд: Дар равобити байналмиллалӣ ҳатто хусуматварзӣ ҳам дорои ҳадди ақале аз боварпазирӣ ва чорчубҳои мантиқӣ аст, ки мақомоти Амрико ин усули ҳадди ақалиро низ намедонанд.
Мусавӣ тасреҳ кард: Ингуна изҳори назарҳо ва иқдомот бештар шабеҳи барномарезии созмонҳои махфӣ ва иттилоотӣ барои зарба задан ба обрӯи кишваре ба манзури заминасозӣ барои иқдомоте дар ояндааст.
Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон бо баёни инки ҳудуди панҷ сол аст, эътилофи саудӣ бо таҷовузҳои такрорӣ ба Яман ва даст задан ба навъҳои гуногуни ҷиноятҳои ҷангӣ, оташи ҷангро дар минтақа шӯълавар нигоҳ доштааст,афзуд: Яманиҳо нишон додаанд, ки дар баробари ҷанг ва таҷовуз истодагӣ мекунанд.
Сухангӯи дастгоҳи дипломосии Эрон танҳо роҳи ҳалли эҷоди оромиш дар минтақа ва поён додан ба буҳрони беҳосил дар Яманро таваққуфи ҳамлаҳо ва таҷовузҳои эътилофи саудӣ, қатъи кумакҳои сиёсӣ ва силоҳии кишварҳои ғарбӣ ба мутаҷовизон ва талош барои ёфтани роҳи ҳалҳои сиёсӣ донист.