Сентябр 16, 2019 15:39 Asia/Dushanbe
  • Дидору гуфтугӯи раисони Созмони Энержии Атомии Эрон ва Росатом  дар Вена

Раисони Созмони Энержии Атомии Эрон ва Росатом  дар Вена дидору гуфтугӯ карданд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Алиакбари Солеҳӣ, муовини раиси ҷумҳур ва раиси Созмони энержи атомӣ, ки барои ширкат дар иҷлоси конфронси солонаи умумии Ожонси байналмилалии энерии атомӣ дар Вена басар мебарад, бо Алексей Лихачев, раиси Росатом дидор кард.

Дар ин дидор, ки дар маҳалли намояндагии доими Эрон дар Вена анҷом шуд, тарафайн дар хусуси тавсеаи ҳамкориҳо ва равобити дуҷониба ва ҳамчунин таомулот дар Ожонси байналмилалии энержии атомӣ, ройзанӣ карданд.

Солеҳӣ барои ширкат дар 63-юмин конфронси солонаи умумии ожонс дирӯз (якшанбе) ба Вена рафт.