Сентябр 16, 2019 20:16 Asia/Dushanbe
  • Дидори дуҷонибаи раисони ҷумҳури Эрон ва Туркия

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки барои ширкат дар нишасти раисони ҷумҳури Эрон, Туркия ва Русия ба Анкара сафар кардааст, пеш аз нишасти сеҷониба, бо раисиҷумҳури Туркия дидору гуфтугӯ кард.

Меҳварҳои аслии нишасти Ҳасани Руҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия, равобити дуҷониба, наҳваи густариши равобити иқтисодӣ ва низ масоили мавриди алоқаи тарафайн будааст.

Панҷумин даври иҷлоси сарони сеҷонибаи Эрон Русия ва Туркия дар идомаи ройзаниҳои се кишвари зомини раванди Остона барои ҳалли буҳрони Сурия баргузор мешавад.

Сарони се кишвари Эрон, Русия ва Туркия дар ин давр аз иҷлос, ки имрӯз (душанбе) баргузор мешавад, барои идома ва тавсеаи ҳамкориҳои сеҷониба дар ҳавзаҳои мухталифи иқтисодӣ ва ҳамчунин иртибототи минтақаӣ низ гуфтугӯ хоҳанд кард.

Руҳонӣ ҳамчунин дар ҳошияи иҷлоси Анкара, бо Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия ҳам дидор хоҳад кард.

 

Барчасп