Сентябр 19, 2019 12:13 Asia/Dushanbe
  • Ғарибободӣ: Эрон маншаи амнияту субот дар минтақа аст

Намояндаи доими Эрон назди созмонҳои байналмилалии мустақар дар Вена гуфт, ки Эрон ба таври шаффоф нишон дода, ки маншаи аслии амнияту субот дар минтақа аст.

Козим Ғариободӣ дар ин нишаст хотирнишон кард, режими саҳюнистӣ бо доштани собиқаи дерина дар сиёсатҳои фурсатталбона ҷиҳати инҳирофи таваҷҷуҳот аз рафторҳои ваҳшиёна ва ғайриинсонии худ алайҳи мардуми Фаластин ва дигар кишварҳои Ховари Миёна, яке аз манобеи аслии буҳрон, бесуботӣ, ранҷ ва хашм дар таърихи ахири ин минтақа будааст.

Ғарибободӣ афзуд, бисёр музҳик аст режиме, ки тамоми муоҳидоти адами густариш ва халъи силоҳро нодида гирифта ва ҳамаи анвои силоҳҳои куштори ҷамъиро тавлид кардааст, ба таври бешармонае як кишвари узви Эн Пи Ти-ро, ки маводу таъсисоти ҳастаияш таҳти назорати Ожонси байналмилалии энержии атомӣ мебошад, мавъиза мекунад.

Намояндаи доими Эрон назди созмонҳои байналмилалӣ дар Вена дар бахши дигаре аз суханони худ, бо ишора ба ин ки бо вуҷуди ҳимояти ҷомеаи байналмилал аз БарҶом, режими саҳюнистӣ ва муттаҳидонаш, иқдомоти харобкоронаи густурдаеро ҷиҳати тазъифи ин дастовард анҷом додаанд, гуфт, Эрон умедвор аст чунин талошҳои ноумедкунандае сабаби инҳирофи таваҷҷуҳоти байналмилалӣ аз ҷароиму ҷиноёти режими Исроил ва барномаи силоҳҳои ҳастаии ин режим нашавад.

 

 

 

Барчасп