Сентябр 20, 2019 15:42 Asia/Dushanbe
  • Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон: Амрико алайҳи Эрон ба дурӯғгӯӣ рӯй овардааст 

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бо ишора ба иттиҳомзании амрикоиҳо ба Эрон дар мавзӯи Яман таъкид кард, Амрико алайҳи Эрон ба дурӯғгӯӣ рӯй овардааст. 

Ягони паҳподии артиш ва кумитаҳои мардумии Яман шанбеи гузашта дар посух ба ҷиноёти эътилофи Саудӣ дар Яман, бо 10 фарванд Паҳподи бумӣ, полоишгоҳҳои "Буқайқ" ва "Хурайс", вобаста ба ширкати миллии нафти Арабистон (АРАМКО) ро ҳадаф қарор дод. 
 
Пас аз ин амалиёти мунҳасир ба фарди яманиҳо, амрикоиҳо бо такрори иддаоҳои беасос зидди Ҷумҳурии Исломии Эрон, муддаӣ шуданд, Теҳрон пушти амалиёти паҳподии яманиҳо будааст. 
 
Оятуллоҳ Муҳаммадалӣ Муваҳҳидии Кирмонӣ дар хутбаҳои намози ҷумъаи Теҳрон афзуд, амрикоиҳо замоне ки дар фишори иқтисодӣ ва сиёсӣ алайҳи Эрон шикаст хӯрданд, ба дурӯғ ва иттиҳомзанӣ рӯй овардаанд. 
 
Оятуллоҳ Муваҳҳидии Кирмонӣ таъкид кард, Амрико ва ҳампаймонони ин кишвар дар муқобила бо Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳеҷ ғалате наметавонанд бикунанд. 
 
Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон ҳамчунин бо гиромидошти Ҳафтаи дифои муқаддас изҳор дошт, дифоъ дорои майдонҳо ва арсаҳои мухталифе аст ва мардуми Эрон ҳамчунон дар баробари тавтеаҳои душманон дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ аз худ дифоъ мекунанд. 
 
Артиши мутаҷовизи режими Саддом (диктатори маъдуми Ироқ) 31 шаҳривармоҳи соли 1359 (сентябри 1980) бо ин тасаввур, ки дар муддати як ҳафта Теҳронро фатҳ хоҳад кард, таҳоҷуми густурдаеро бо бакоргирии анвои ҷангафзорҳо ба Эрон оғоз кард. 
 
 31 шаҳривармоҳ дар тақвими муносибат‎ҳои Эрон оғози Ҳафтаи дифои муқаддас аст. 

Барчасп