Оғози ҳафтаи дифои муқаддас дар Эрони исломӣ
Имрӯз ( якшанбе ) 22 сентябр ҳамзамон бо солрӯзи шурӯи ҷанги таҳмилии режими баъсии Ироқ бо Ҷумҳурии исломии Эрон аст.
Артиши мутаҷовизи режими Саддом ( диктатори пешини Ироқ ) 31 шаҳривари соли 1359 (22 сентябри 1980 ) бо ин тасаввур, ки дар муддати як ҳафта Теҳронро фатҳ хоҳад кард , таҳоҷуми густардаеро бо бакоргирии навъҳои гуногуни ҷангафзорҳо ба Эрон оғоз кард .
31 шаҳривармоҳ дар тақвими муносибатҳои Эрон оғози ҳафтаи дифои муқаддас аст ва дар ин ҳафта маросимҳои мухталифе дар саросари Эрони исломӣ баргузор мешавад .
Режими баъсии Ироқ 39 соли пеш бо ҳадафи барандозии низоми навпои Ҷумҳурии исломии Эрон бо кумаки ҳамаҷонибаи истикбори ҷаҳонӣ , ҷанги тамомайёрро ба Эрони исломӣ таҳмил кард, ки ҳашт сол тул кашид .
Артиши режими баъсии Саддом дар муддати ҳашт соли ҷанг бо Эрони исломӣ аз ҳимоятҳои ҳамаҷонибаи қудратҳои истикборӣ ва кумаки фаровони кишварҳои арабии минтақаи халиҷи Форс бархурдор буд. Мошини ҷангии ӯ дар хидмати аҳдофи бегонагон дар минтақа қарор гирифт .
Таҷрибаи даврони ҳашт сол дифои муқаддас нишон дод, бо вуҷуди ҳамаи тангноҳо ва фишорҳо, набуди имкониятҳои молӣ ва мушкилоти фаровон , метавон бо азми росиху таваккул бар Худованди мутаъол , дар баробари зӯргӯйии қудратҳои ҷаҳонӣ истод .