5 медали хушранг барои қаиқронони эронӣ дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё
-
Тими ҳафтнафараи қоиқронии Эрон бо касби як тилло, ду нуқра ва ду брунз ба кори худ дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё поён дод.
Порс Тудей - Дар рӯзи поёнии мусобиқоти қаиқронии қаҳрамонии Осиё дар Нанчанги Чин тими ҳафтнафараи қоиқронии Эрон бо касби як тилло, ду нуқра ва ду брунз ба кори худ дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё поён дод.
Рақобатҳои қоиқронии қаҳрамонии обҳои ороми Осиё дар Нанчанги Чин аз 8 май бо ҳузури 20 кишвари осиёеи Чин, Ҳонгконг, Паноҳҷуён, Индонезия, Ҳинд, Ироқ, Ҷопон, Қазоқистон, Қирғизистон, Кореяи Ҷанубӣ, Макао, Кореяи Шимолӣ, Филиппин, Сингапур, Таиланд, Тоҷикистон, Тайбэй Чин, Узбекистон, Ветнаму миллипушони Эрон, оғоз ва рӯзи гузашта бо шинохти қаҳрамонон ба кори худ поён дод.
Ба гузориши Порс Тудей, Элнози Шафиён ва Тонё Коргарпур дар коёк(Байдарка)-и бонувон, Ҳиво Афзалӣ ва Моида Шургаштӣ дар конуи бонувон, Алӣ Оқомирзоӣ ва Паймони Қавидил дар коёки мардону Муҳаммаднабии Ризоӣ дар конуи мардони аъзои тими Эрон дар масоф бо руқабои аслии худ ҳамчун Чин, Ҷопон ва Қазоқистон буданд.
Бар асоси ин гузориш, Алии Оқомирзоӣ ва Паймони Қавидил дар финоли модаи олимпии коёки дунафараи 500 метри мардон бо намояндагони Қазоқистон (қаҳрамони Осиё ва намояндаи коёки дунафара дар олимпии Порис), Узбекистон, Қирғизистон, Чин, Тайбэй Чин, Корея (медоли нуқраи бозиҳои осиёеи Ҳонгжоу намояндаи Корея дар олимпии Порис), Ҷопону Сингапур болотар аз қудратҳои Осиё дар радаи нахуст қарор гирифту соҳиби медоли тилло шуд. Дар ин мода намояндагони Ҷопону Чин (медоли тиллои бозиҳои Ҳонгжуо) нуқра ва брунз гирифтанд.
Дар масофати ҳазор метри коёки мардон Алии Оқомирзоӣ, медоли нуқра гирифт ва Тонё Коргарпӯр дар коёки занон медали брунз гирифт. Набии Ризоӣ ҳам дар конуи мардон медали нуқра гирифт. Алии Оқомирзоӣ дар коёки 500 метр брунз гирифт дар поёни мусобиқот тими Эрон муваффақ ба касби як медоли тилло, 2 нуқра ва 2 брунз дар ин давра аз мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар кишвари Чин шуд.