Кадом ширкатҳои ҳавоӣ парвоз ба сарзаминҳои ишғолиро таълиқ карданд?
(last modified Sun, 11 May 2025 09:04:38 GMT )
Май 11, 2025 14:04 Asia/Dushanbe
  • Кадом ширкатҳои ҳавоӣ парвоз ба сарзаминҳои ишғолиро таълиқ карданд?

Порс Тудей - Ҳамлаи ахири мушакии неруҳои мусаллаҳи Яман ба фурудгоҳи Бен-Гуриони Тел Авив, буҳрони парвози ҳавопаймоҳо дар сарзаминҳои ишғолиро вориди марҳала ҷадиде кардааст.

Пас аз ҳамлаи ахири мушакии неруҳои мусаллаҳи Яман ба фурудгоҳи Бен-Гурион, мавҷи таълиқи парвозҳо, ҳазорон мусофири саҳюнистро дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон билотаклиф гузоштааст.

Ба гузориши Порс Тудей, ширкатҳои ҳавопаймоии чандин кишвар, аз ҷумла Олмон, Швейтсария, Испания, Италия ва Ҳинд таълиқи парвозҳои худ ба мақсади Тел Авивро тамдид карданд, ин иқдом дар пайи нигарониҳои амниятӣ анҷом шудааст.

Сухангуи ширкати ҳавопаймоии «Люфтганза»-и Олмон дар ҳамин хусӯс эълом кард, ки ба далоили амниятӣ ва то иттилои сонавӣ парвозҳои ин ширкат ба Исроил анҷом нахоҳад шуд. Ҳамчунин, ширкати Швейтсария Swiss Air ва Air India низ тасмими мушобеҳе иттихоз карданд. Манобеи расмӣ дар ин ширкатҳо таъкид кардаанд, ки амнияти мусофирону хадамаи парвоз дар авлавияти аслӣ қарор дорад ва ҳаргуна азсаргирии парвозҳо манӯт ба арзёбии шароити амниятии оянда хоҳад буд.

Ширкати ҳавопаймоии “ITA”-и Италияи ҳам рӯзи шанбе эълом кард, ки кулияи парвозҳои худ ба мақсади сарзаминҳои ишғолиро то таърихи 19 май ба ҳолати таълиқ дармеоварад.

Бинобар гузориши рӯзи якшанбеи рӯзномаи саҳюнистии "Демаркер", теъдоди ширкатҳои ҳавопаймоие, ки ба далели ҳамлаи мушакии Яман парвозҳои худ ба сарзаминҳои ишғолиро лағв кардаанд, ба 19 ширкат расидааст.

Таҳлилгарон муътақиданд, идомаи ин раванд метавонад, таъсироти иқтисодӣ ва сиёсии қобили таваҷҷӯҳе барои Исроил бавижа дар заминаи ҳамлу нақли ҳавоӣ ва гардишгарӣ ба дунбол дошта бошад. Дар ҳамин ҳол, мақомоти исроилӣ низ эълом кардаанд, ки тадобири амниятӣ дар фурудгоҳҳои ин кишварро афзоиш додаанд.

Мудир омили ширкати саҳюнистии «Сигнал» ахиран дар пайи таълиқи парвози шуморе аз ширкатҳои хориҷӣ ба фурудгоҳи Бен-Гурион бар асари ҳамлаи мушакии артиши Яман гуфт: “Умедворем ширкатҳои ҳавопаймоӣ парвозҳои худ ба Исроил (сарзаминҳои ишғолӣ)-ро бештар аз ин таълиқ накунанд, зеро ин амр хисоратҳои зиёде ба мо ворид мекунаду мунҷар ба афзоиши қиматҳо мешавад”.

Ба гуфтаи вай, мушаххас кардани замони азсаргирии фаъолияти ширкатҳои мавҷӯд дар сарзаминҳои ишғолӣ, ки аз наздик авзоъро мебинанд, амре душвор аст.

Дар ин росто, маркази ҳамоҳангии амалиёти инсонӣ дар Яман эълом кард, ки ба Созмони байналмилалии ҳавонавардӣ ва Анҷумани ҳамлу нақли ҳавоӣ эълом карда, ки фурудгоҳҳои душмани исроилӣ ҳамвора аз суи неруҳои мусаллаҳи Яман дар маърази ҳамла ҳастанд, бинобар ин бояд бо тарафҳои зирабт (ATS) ҳамоҳангӣ дошта бошанд.

Артиши Яман дар моҳҳои ахир дар ҳимоят аз муқовимати миллати мазлӯми Фаластин дар Борикаи Ғазза, зимни муҳосираи дарёии режими саҳюнистӣ, ҳамалотеро алайҳи аҳдофи низомии режими Исроил анҷом додааст.

Неруҳои артиши Яман мутааҳҳид шудаанд, то замоне, ки режими саҳюнистӣ ҳамалоти худ ба Ғаззаро мутаваққиф накунад, муҳосира ва ҳамалот ба сарзаминҳои ишғол шуда тавассути Исроилро идома хоҳанд дод.