Сентябр 22, 2019 15:03 Asia/Dushanbe
  • Руҳонӣ : Шикофи миллатҳои минтақа , хостаи Амрико ва саҳюнизм аст

Раисҷумҳури Эрон шикоф миёни миллатҳои минтақаро хостаи Амрико ва саҳюнизм донисту таъкид кард : Мантиқи Эрон амнияти дарунзо барои халиҷи Форс ва тангии Ҳурмуз аст ва ҳузури нерӯҳои хориҷӣ дар ин минтақа метавонад мушкилофарин бошад .

Ба гузориши Садои Хуросон ,Ҳасани Руҳонӣ-раисҷумҳури Эрон рӯзи якшанбе дар маросими гиромидошти ҳафтаи дифои муқаддас бо таъкид бар инки « бо иқтидори нерӯҳои мусаллаҳу миллати бузург , душман ҷуръати таҷовуз ба Эрони исломиро нахоҳад дошт » афзуд : Мардуми Эрон бо ваҳдат , истодагӣ ва якпорчагӣ аз Шарқу Ғарб ва силоҳҳои онҳо натарсиданд ва дар баробари пули иртиҷоъи араб низ таслим нашуданд .

 Руҳонӣ бо баёни инки қудратҳои истикборӣ  дар сарварии онҳо-Амрико ҳамвора ноамнӣ , бадбахтӣ , мушкилоту тороҷи манофеъи кишварҳои минтақаро дунбол карданд, гуфт: ‌ Ҳузури амрикоиҳо дар Афғонистон , Ироқ , халиҷи Форс ва ҳар нуқтае дар минтақа , ҳамвора муҷиби ноамнӣ шуда аст .

 Раисҷумҳури Эрон бо таъкид бар инки нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ҳамвора амниятро барои минтақа ба армуғон овардаанд тасреҳ кард : Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон агар дар канори мардуми Ироқ , Сурия , Фаластину Лубнон  қарор  гирифтанд , барои ин сарзаминҳо амният овардаанд ва тавонистанд  террористҳои ваҳширо решакан кунанд ва ин фарқи Эрон бо Амрико ва ҳампаймононаш дар минтақа аст .

 Руҳонӣ бо эъломи омодагии Ҷумҳурии исломии Эрон барои ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақа дар ин марҳилаи ҳассосу торихӣ таъкид кард : Эрон омода  аст аз хатоҳои гузаштаи бархе кишварҳо дар минтақа бигузарад , зеро душманони минтақа бавижа Амрико ва истикбору саҳюнизм ба дунболи суиистифода аз шикоф , фосила ва ихтилофи миёни кишварҳои минтақа ҳастанд .

 

Барчасп