Сентябр 22, 2019 21:10 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Испания бар тавсиаи гардишгарӣ бо Эрон

Сафири Испания дар Теҳрон гуфт: Баргузории музей ва намоишгоҳи Испания дар Эрон мӯҷиби тавсиаи гардишгарии ду кишвар хоҳад шуд.

Эдвард Лопез Бостикс, сафири Испания дар Теҳрон дар нишасти хабарӣ афзуд: Испания ва Эрон аз лиҳози сиёсӣ ва бавижа ба лиҳози фарҳангӣ иртиботи бисёр хубе доранд ва бояд ин мавзӯъ ба соири кишварҳо мунтақил шавад.

Сафири Испания дар Теҳрон тасреҳ кард: Инъитофи боло ва зарфияти музеи Аликантаи Испания боис шуд, то намоишгоҳе аз осори музеи таърихии Испания дар Эрон ифтитоҳ шавад.

Эдвард Лопез Бостикс ҳамчунин ба зарфиятҳои мавҷуд дар минтақаи Аликанта ишора кард ва афзуд: Як дониши хос дар минтақаи Аликанта дар ҳавзаи гардишгарӣ вуҷуд дорад ва Испания барои интиқоли ин дониш ба соири кишварҳо омодагӣ дорад.

 

Барчасп