Рӯҳонӣ: Инзивои кунунии Амрико дар торихи душманӣ бо Эрон бесобиқа аст
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон инзивои кунунии Амрико дар торихи душманӣ бо Эронро бесобиқа унвон кард.
Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи душанбе, пеш аз сафар ба Ню-Йорк барои ширкат дар ҳафтодучаҳорумин иҷлоси Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар фурӯдгоҳи Меҳрободи Теҳрон, дар ҷамъи хабарнигорон афзуд, имрӯз дар масъалаи коҳиши тааҳҳудоти Эрон дар БарҶом аксарияти қотеи кишварҳои ҷаҳон Амрикоро маҳкум мекунанд ва ҳатто ба дархости Вашингтон барои тарҳи мавзуъ дар Ожонси байналмилалии энержии атомӣ низ эътиное намекунанд.
Рӯҳонӣ таҳримҳои золимона алайҳи миллати Эронро нишонаи дармондагии амрикоиҳо донисту гуфт, миллати Эрон дар баробари таҳримҳову душманон бо қудрат истодааст.
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар бораи иттиҳомҳои Амрико алайҳи Эрон дар заминаи ҳамла ба таъсисоти нафтии “Арамко” низ гуфт, Амрико мехоҳад ба таври комил минтақаро таҳти султаи худ даровард ва ҳамаи нафти минтақаи шарқии Арабистонро дар ихтиёр дошта бошад.
Рӯҳонӣ ҳамчунин бо ишора ба тарҳи амниятии Эрон барои минтақаи халиҷи Форс, мавсум ба сулҳи Ҳурмуз, ки қарор аст дар Маҷмаи умумии Созмони Милал онро ташреҳ кунад, афзуд, ин тарҳ ба ҷаҳониён эълом хоҳад кард, ки Эрон ба дунболи як сулҳи баландмуддат дар минтақа аст.
Рӯҳонӣ бо таъкид бар ин ки Эрон бо тарҳи сулҳи Ҳурмуз ба дунболи ҳамкории ҷамъии кишварҳои минтақаи халиҷи Форс аст, ёдовар шуд, ки амрикоиҳо аз соли 2001 дар минтақа ҳастанд, аммо ҳеч вақт натавонистанд дар минтақа амният эҷод кунанд. Бинобарин кишварҳои минтақа бояд мушкилоти минтақаро ҳал кунанд.