Дидори Могерини бо Зариф дар Ню-Йорк
(last modified 2019-09-23T13:32:09+00:00 )
Сентябр 23, 2019 18:32 Asia/Dushanbe
  • Дидори Могерини бо Зариф дар Ню-Йорк

Могерини бо зариф дар Ню-Йорк дидор кард.

Федерика Могерини, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодия Аврупо бомдоди имрӯз (душанбе) бо Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон дар Ню-Йорк дидору гуфтугў кард.

Ба гузориши Форс, ин дидор дар остонаи нишасти вазирони хориҷаи Эрон ва гурӯҳи 4+1 ( Олмон, Фаронса, Англия, Русия ва Чин) дар Ню-Йорк сурат мегирад.

Вазирони хориҷаи Уммон, Дания ва Фаронса ва раиси Кумитаии байналмилалии Салиби Сурх низ пеш аз ин бо ҳузур дар маҳали иқомати вазири умури хориҷаи Эрон бо Зариф дидор карда буданд.

Қарор аст, рӯзи чаҳоршанбе нишасти вазирони хориҷаи Эрону 4+1 дар Ню-Йорк дар ҳошияи 74-умин нишасти Маҷмаи умумии Созмони Милал баргузор шавад.

Зариф ҷумъашаб барои ширкат дар нишасти Маҷмаи умумии СММ вориди Ню- Йорк шуд.