Эрон иддаои зиддиэронии се кишвари аврупоиро рад кард
Эрон иддаои ғайримасъулонаи руасои Британия, Фаронса ва Олмонро дар бораи ҳамла ба таъсисоти нафтии Саудӣ ба шиддат радду маҳкум кард ва ин иддаоро таҳрикомез ва шадидан мухаррибе хонд.
Вазорати умури хориҷаи Эрон дар баёнияе эълом кард, муттаҳамсозии суфоришии давлатҳо бо аҳдофи сиёсӣ ва ба дур аз воқеиёти майдонӣ дар канори дигар сиёсатҳои ҳимоятгарона нисбат ба режими кӯдаккуши Арабистони Саудӣ, ба вижа аз тариқи содироти анбӯҳи таслеҳот ба ин кишвар, як раванди хатарнок аст ва масъулияти паёмадҳои он бар ӯҳдаи се кишвари содиркунандаи ин баёния хоҳад буд.
Дар ин баёния омадааст, ҷумҳурии исломии Эрон зимни маҳкумияти шадид ва радди иддаои ғайримасъулонаи руасои се кишвари аврупоӣ дар иртибот бо ҳамла ба таъсисоти Саудӣ (Арамко ) таъкид мекунад, тарҳи иттиҳоми масъулият ба як давлати солис дар хусуси ҳамлае, ки дар як ҷанги тамом айёр миёни тарафи саудӣ ва яманӣ анҷом шудаву тарафи яманӣ расман анҷоми онро бар ӯҳда гирифтааст, ба худии худ як иқдоми таҳрикомезу шадидан мухарриб аст. Зеро чӣ расад ба ин ки ин иқдом пеш аз ҳар гуна таҳқиқоту бидуни ироаи ҳар гуна далелу мадрак сурат гирифта бошад.
Дар бахши дигаре аз ин баёния таъкид шудааст, барномаи мушакиву дифоии Эрон бар асоси тавони бумӣ, мубтанӣ бар сиёсати боздорандагӣ ва бар асоси таҳдидоти мавҷуд будаву иқдомот дар хусуси тавсеаи он комилан масъулонаву мунтабиқ бо қавонину муқаррароти байналмилалӣ аст ва Эрон ҳар гуна вуруд ба музокирот дар хусуси мавзӯи мушакиро ба шиддат рад мекунад.
Вазорати умури хориҷаи Эрон дар поён гуфт, Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамвора бар лузуми мушорикати кишварҳои минтақа дар гуфтугӯ ва таомул барои иртиқои сулҳу амният дар минтақа ва поён бахшидан ба буҳрони Яман таъкид кардаву бо ҳадди аксари нигаронӣ нисбат ба фаҷойеи инсонии ин ҷанг барои мардуми Яман, бори дигар омодагии худро барои ин амр эълом мекунад.
Дар пайи ҳамлаи паҳподии ҳафтаи гузаштаи артиши Яман ба таъсисоти нафтии ширкати “Арамко” дар шарқи Арабистон, бархе кишварҳои ғарбӣ Эронро масъули ин ҳамла донистанд.