Амрико агар ҷангеро оғоз кунад , қатъан хотимаи он бо Амрико нахоҳад буд
Ҷумҳурии исломӣ оғозгари ҳеч ҷанге нахоҳад бўд،аммо чунончи мавриди ҳамла қарор гирад , бо ҳамаи тавон аз худ дифо хоҳад кард .
Муҳаммадҷаводи Зариф-вазири умури хориҷаи Эрон, ки барои ширкат дар нишастҳои маҷмаъи умумии Созмони Миллали Муттаҳид ба Нию-Йорк сафар карда аст , дар гуфтугӯ бо шабакаи " СНН " бо баёни ин нукта таъкид кард : Эрон борҳо ба Амрико ҳушдор дода аст,ки агар ҷангеро оғоз кунад , қатъан хотимаи он бо Амрико нахоҳад буд .
Дар чанд даҳаи ахир тавтеъаҳои мухталифе аз ҷониби Амрико дар минтақа сурат гирифта, ки бахше аз ин тавтеъаҳо ба таҳмили ҷанг ба кишварҳои минтақа мунҷар шуда аст .
Бидуни тардид ҷанг падидаи никуҳишшудаву нораво аст, аммо дифо дар муқобили мутаҷовиз маънову мафҳуми дигаре дорад . Аз ин дидгоҳ муҳимтарин вижагӣ дар баҳси дифоу боздорандагӣ , доштани қудрати низомии мутаносиб бо таҳдидҳо аст . Зеро кишваре ки ба шакли маъмулӣ аз қудрати дифоӣ бархурдор бошад ، метавонад аз қудрати худ барои дафъи таҳдидҳо посухи саривақтӣ ба мутаҷовиз диҳад ва ҳамчунин ба унвони як аҳруми боздоранда дар муқобили ҷангафрӯзон истифода кунад. Чунин бархурдорӣ аз чунин иқтидоре ҳатто қудратҳои бузурги низомиро дар тасмимгирӣ барои шурӯи ҷанг дучори шубҳа мекунад .
Алии Шамхонӣ ، дабири шуройи олии амнияти миллии Эрон дар арзёбии таҳдидҳои Амрикову қудрати дифоӣ ва таҳоҷумии Эрон дар муқобили ин таҳдидҳо мегуяд : Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамвора таҳдиди низомӣ аз сӯии душманро ҷиддӣ гирифтаву иттифоқан исрори мо барои бархурдорӣ аз қудрати боздоранда чӣ дар ҳавзаи мушакиву чи дар заминаи дифои зиддиҳавоии пешрафта ба ҳамин далел аст . Имрӯз Эрон дар ҳавзаи низомӣ қодир аст, ҳар таҳдидеро ба таври қотеъ посух диҳад ва инро Трамп ва ҳайати ҳокимаи Амрико ба хӯбӣ медонанд. Ин масаъла барои Тел-Авив низ комилани возеҳу ошкор аст . Барои ҳамин аст ки бо садои баланд таҳдид мекунанд . Ба таври қатъ чун медонанд ки наметавонанд биҷанганд , садои таҳдидро шадидтар мекунанд . Равиши Трамп ин аст ؛ Трамп аҳли ҷангидан нест ؛ барои инки наҷангад , таҳдид мекунад."
Эрон акнун аз қудрати мушакӣ дар сатҳи боздорандагӣ бархӯрдор аст ва дар сурати лузум метавонад аз қудрати мушакии худ барои ҳадаф қарор додани мавозеъи душман ва нерӯҳои террористи Амрико дар халиҷи Форсу тангаи Ҳурмуз ва ҳамчунин пойгоҳҳои низомии Вашингтон дар кишварҳои ҳошияи халиҷи Форс истифода кунад . Ин сатҳ аз тавони дифоӣ ба маънои стратежии « боздорандагӣ » аст . Бо чунин зарфияте дар сурате, ки Амрико тасмим бигирад ҷангеро алайҳи Эрон оғоз кунад , бояд худро барои набарди ҳамзамон дар чандин ҷабҳа дар минтақа аз ҷумла даруни хоки кишварҳои мизбони пойгоҳҳову неруҳояш омода кунад . Ба иборати дигар ҷанг бо Эрон сирфан мунҳасир ба марзҳои Эрон боқӣ нахоҳад монд , балки ба суръат табдил ба як ҷанге хоҳад шуд,ки қатъан ба нафъи Амрико ва муттаҳидони минтақаиаш нахоҳад буд .
Михаил Шинкман-коршиносу муффасири сиёсии рус дар баёни ин воқеъият мегуяд: Амрико дар сурати ҳаргуна таҳоҷуми низомӣ ба Эрон дар вазъияте гирифтор хоҳад шуд, ки наҳваи раҳоӣ аз он барои ҳеч касе равшан нест .
Возеҳ аст ки ҳадафи Амрико аз густариши ноамнӣ нотавон нишон додани низоми Ҷумҳурии исломӣ дар таъмини амният аст . . Эрон аммо барағми талошҳои Амрико ва таҳаррукоти шарикони минтақаиаш тавониста бо ҳушмандӣ дар муқобили таҳдидҳо биистад . Ин истодагӣ ба пуштвонаи иқтидору нақши таъинкунандаи Эрон дар ҳифзи субот дар минтақа аст, ки на танҳо боиси таъмини амният дар дохили кишвар ، балки сабаби тақвияти амнияти ҷамъӣ дар минтақа низ шуда аст
Аз ин рӯ изҳороти Муҳамадҷаводи Зариф дар мусоҳиба бо СНН ва таъкиди раиси дастгоҳи дипломасии Эрон бар қудрати боздорандагии Эронро мебоист ҳушдори маънодор ба Амрико ва муттаҳидони минтақаиаш дар қиболи сенариясозиҳо алайҳи Эрон арзёбӣ кард.