Сентябр 26, 2019 17:19 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари Инқилоби Исломӣ: Ваъдаи аврупоиҳо пуч аст

Раҳбари муъаззами Инқилоби Исломӣ бо таъкид бар инки ангезаҳои душмании аврупоиҳо бо Ҷумҳурии Исломӣ тафовути усӯлӣ бо душмании Амрико надорад, гуфтанд, аврупоиҳо дар зоҳир ба унвони миёнҷӣ, ворид мешаванд ва ҳарфҳои тӯлонӣ ҳам мезананд, аммо ҳамаи онҳо пуч аст.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муъаззами Инқилоби Исломӣ субҳи имрӯз (панҷ‌шанбе) дар дидори мунтахабони миллат дар Маҷлиси хибрагон зимни ироаи таҳлили ҷомеъ аз шароити кишвар ва густариши шиорҳо ва иқтидори инқилобӣ ва сиёсии низоми Ҷумҳурии Исломӣ ва имтидоди он дар минтақа, баҳрагирӣ аз дарсҳои даврони дифои муқаддас ва таъмиқи онро дар ҷомеъа бисёр муҳим хонданд ва таъкид карданд: Лозима ва асоси истимрори пешрафти кишвар, «таваккул бар Худо», «истодагӣ ва муқовимат», «умед ба оянда», «эътимод ба ҷавонон бавижа ҷавонони инқилобӣ», «ваҳдат ва инсиҷоми оҳоди мардум бахусӯс дар миёни нерӯҳои инқилобӣ»,«ҳимояти воқеӣ аз тавлиди дохилӣ» ва «қатъи умеди комил аз бегонагон» аст.

Раҳбари Инқилоби Исломӣ бо таъкид бар инки роҳи таъомул ва музокира бо ҳеч кишваре ба ғайр аз Амрико ва режими саҳюнистӣ баста нест, афзуданд: Аммо ба ҳеч ваҷҳ набояд ба кишварҳое, ки парчами душманӣ бо низоми исломиро дар даст гирифтаанд ва дар раъси онҳо Амрико ва ин чанд кишвари аврупоӣ, эътимод шавад, зеро онҳо сариҳан бо миллати Эрон душманӣ мекунанд.

Эшон бо ишора ба амалкарди аврупоиҳо баъд аз тавофуқи ҳастаӣ ва амал накардан ба ваъдаҳо ва ҳамчунин наҳваи амалкарди Аврупо баъд аз хурӯҷи Амрико аз БарҶом ва эъмоли золимонаи таҳримҳои сонавия афзуданд: Аврупоиҳо ба рағми ваъдаҳои худ, амалан ба таҳримҳои Амрико пойбанд монданд ва ҳеч иқдоме анҷом надоданд ва аз ин пас ҳам баъид аст, коре барои Ҷумҳурии исломӣ анҷом диҳанд, бинобар ин бояд ба куллӣ аз аврупоиҳо қатъ умед кард.

Раҳбари Инқилоби Исломӣ бо ишора ба амал накардани аврупоиҳо ба тааҳҳудоти ёздаҳгонаи худ афзуданд: Ҳамон афроде, ки музокира карданд, акнун мегӯянд, арупоиҳо ба ҳеч як аз тааҳҳудоти худ амал накардаанд ва ин мавзӯ, қавитарин далел бар ин аст, ки дар ҳеч масаълае набояд ба онҳо эътимод кард.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин ҷараёни умурро ба рағми ҳамаи ин душманиҳо, ба нафъи Ҷумҳурии исломӣ арзёбӣ карданд ва гуфтанд: Имрӯз низоми исломӣ на танҳо қавитар аз чиҳил сол пеш аст, балки аз даҳ соли пеш низ қавитар шуда ва иқтидори инқилобӣ ва сиёсии он дар минтақа густариш ёфта ва решаҳои инқилоб амиқтар шудааст.

 

Барчасп