Сентябр 27, 2019 16:59 Asia/Dushanbe
  • Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон: Дифои муқааддаси Эрон дар таърихи муосир асаргузор шуд

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон ҳашт соли дифои муқаддаси миллати Эрон дар баробари душмани мутаҷовизро дар таърихи муосир асаргузор донист.

Ҳуҷҷатулислом Козими Сиддиқӣ, хатиби хутбаҳои намози ҷумъаи Теҳрон бо ишора ба оғози ҳафтаи дифои муқаддас афзуд: Баъд аз ҳодисаи Карбало ҳеҷ ҳодисае ба андозаи дифои мқаддас асаргузортар дар таърих набудааст.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон баён намуд, ки ки дар замони ҷанг ҳамаи кишварҳои дунё аз душмани мутаҷовиз ҳимоят мекарданд ва артиши Эрон аз ҳам пошида буд ва сипоҳ таҷрибаи ҷанг надошт, миллати Эрон бо роҳнамудҳои ҳазрати Имом Хумайнӣ (р) ҳашт соли тамом дар баробари қудратҳои ҷаҳон истодагӣ ва муқовимат кард.

Ҳуҷҷатулислом Сиддиқӣ дар идома бо таслияти айёми муҳаррамулҳаром афзуд: Унс бо Имом Ҳусейн (а) рӯз ба рӯз оламгиртар мешавад ва ҳузури 20 миллионӣ дар маросими Арбаини Ҳусейнӣ аз мазҳаб ва динҳоои мухталиф аз шиа ва суннӣ гирифта то масеҳӣ ва арманӣ ва аз дигар кишварҳои ҷаҳон нишон медиҳад, ки Имом Ҳусейн (а) чашмаи ҷӯшоне аст, ки ҳама аз он сероб мешаванд.