Сентябр 18, 2019 22:00 Asia/Dushanbe
  • Адои эҳтироми мукибдорони ироқӣ ба мақоми волои имом Хумайнӣ (раҳ)

Ҳазору 200 мукибдори ироқӣ бо ҳузур дар ҳарами мутаҳҳари ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳ) ба мақоми волои бунёнгузори кабири Ҷумҳурии исломии Эрон адои эҳтиром карданд.

Ба нақл аз Порс Тудэй, Саид Омир Ал-Мусавӣ намояндаи мукибдорон (масъулони истгоҳҳои пазироӣ аз зоирон) ба ҳамроҳи ҳазору 200 мукибдори ироқӣ пас аз дидор бо раҳбари инқилоби исломӣ чаҳоршанбешаб дар марқади мутаҳҳари ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳ) ҳузур ёфтанд ва бо нисори тоҷи гул, ёду хотираи бунёнгузори кабири Ҷумҳурии исломии Эронро гиромӣ доштанд.

Мукибдорони ироқӣ барои ширкат дар Ҳамоиши такрими ходимони арбаини имом Ҳусайн (а) ба Эрон сафар кардаанд.

Ҳамоиши такрими ходимони арбаини имом Ҳусайн (а) аз 15 то 17 сентябр ба муддати се рӯз дар шаҳрҳои Машҳад ва Қум бо ҳадафи такрим аз ходимони ҳазрати Абоабдиллоҳил Ҳусайн (а), вифоқу ҳамдилии беш аз пеши миллатҳои Ироқ ва Эрон ва расондани пайоми пиёдаравии арбаини ҳусайнӣ ба ҷаҳониён баргузор шуд.

 20-уми моҳи сафари 1441 ҳиҷрии қамарӣ арбаини шаҳодати ҳазрати имом Ҳусайн (а) ва ёрони бовафои ишон дар саҳрои Карбало аст, миллионҳо зоир аз саросари ҷаҳон дар ин рӯз барои ҳузур дар маросими арбаини ҳусайнӣ (а) вориди шаҳри Карбало мешаванд.

Тибқи омори расмии манобеи ироқӣ ҳудуди 14 миллион зоир дар пиёдаравии арбаини ҳусайнӣ (а) соли гузашта ширкат карданд, ки беш аз ду миллион нафари онон аз Эрон буданд.

 

 

Барчасп