Октябр 01, 2019 18:26 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди раисони ҷумҳурии Эрон ва Қазоқистон бар густариши равобити дуҷониба

Раисони ҷумҳурии Эрон ва Қазоқистон роҳҳои густариши рӯзафзуни равобити дуҷониба ва муҳимтарин таҳаввулоти минтақаӣ ва байналамилалиро мавриди баҳсу табодули назар қарор дода ва бар лузуми тақвияти ҳарчӣ бештари ҳамкориҳои ду кишвар таъкид карданд.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии раёсати ҷумҳурии Эрон, Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон, ки барои ширкат дар иҷлоси сарони Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ба Арманистон сафар кардааст, рӯзи сешанбе дар дидори Қосим Ҷомарт Токаев, раисҷумҳури Қазоқистон бо таъкид бар ин ки Теҳрон аз густариши ҳамаҷонибаи равобит бо Нурсултон дар арсаҳои мухталифи сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангӣ истиқбол мекунад, афзуд, оғози ҳамкории Эрон бо Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё заминаи бисёр муносибе барои густариши равобити иқтисодии аъзои иттиҳодия бо якдигар ва ба вижа Қазоқистон ва Эрон аст.

Рӯҳонӣ бо баёни ин ки Эрон ва Қазоқистон ҳамвора аз равобити дӯстона ва самимонае бо якдигар бархурдор будаанд гуфт, ду кишвар зарфиятҳои фаровоне дар арсаҳои мухталифи иқтисодӣ барои афзоиши сатҳи муносибот ва ҳамкориҳои дуҷониба доранд, ки бояд ин зарфиятҳо дар масири манофеи миллатҳои ду кишвар фаъол шавад.

Руҳонӣ ҳамчунин гуфт, ки дарёи Хазар бояд дарёи сулҳу дӯстӣ барои кишварҳои соҳилӣ, бидуни ҳузури ҳар гуна нерӯи хориҷӣ бошад.

Токаев низ дар ин дидор бо таъкид бар ин ки Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамсояе бисёр хуб ва қобили итминон барои кишвараш ба шумор меравад, гуфт, Қазоқистон аз ҳузури Эрон ба унвони шарики тозаи иқтисодии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё истиқбол карда ва онро муҷиби тақвияти аҳдофи ин иттиҳодия медонад.

 

Барчасп