Октябр 03, 2019 10:45 Asia/Dushanbe
  • Китоби Эрон ва Созмони Миллал ба ривояти аснод ба Нию-Йорк расид

Намояндагии доими Эрон дар Созмони Миллали Муттаҳид китоби Эрон ва Созмони Миллал ба ривояти аснод-ро ба китобхонаи ин созмон дар Нию-Йорк эҳдо кард.

Ба нақл аз радиои тоҷикии Садои Хуросон, ин китоб дар баргирандаи маҷмуаи асноди расмии мунташир шудаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар Созмони Миллали Муттаҳид таи солҳои 1944 то 2018 аст. Дар ин китоб тамоми асноди зикршуда то замони инқилоби исломӣ ва асноди муҳими баъд аз инқилоб тавассути Идораи кулли пажуҳиш ва асноди муовинати иртиботот ва иттилоърасонии Дафтари раиси ҷумҳури Эрон гирдоварӣ шудааст. Илова бар рӯйхатти эълом ва тасвири намунаи аснод ҳамчунин матни англисӣ ҳам дар интиҳои китоб барои муъаррифии мундараҷот ва ҳамчунин сарфаслҳои муҳим гунҷонда шудааст. Китоби Эрон ва Созмони Миллал ба ривояти аснод ба таври расмӣ дар Созмони Миллали Муттаҳид сабт шуда ва дар китобхонаи он қарор гирифтааст ва дар дастраси муҳаққиқони байналмиллалӣ хоҳад буд.

 

Барчасп