Таҷлил аз муҷоҳидатҳои расонаии муовинати бурунмарзии Садо ва симо
(last modified Mon, 07 Oct 2019 07:55:02 GMT )
Октябр 07, 2019 12:55 Asia/Dushanbe
  • Таҷлил аз муҷоҳидатҳои расонаии муовинати бурунмарзии Садо ва симо

Маросими таҷлил аз муҷоҳидатҳои расонаии муовинати бурунмарзии Садо ва симои Ҷумҳурии исломии Эрон бо ҳузури шуморе аз мақомоти лашкарӣ ва кишварӣ рӯзи якшанбе дар Маркази ҳамоишҳои Садо ва симо баргузор шуд.

Паймони Ҷибилӣ муовини бурунмарзии Садо ва симои Эрон дар ин маросим зимни гиромидошти шаҳидони ин муовинат гуфт, маъмурият ва расолати муовинати бурунмарзии Садо ва симои Ҷумҳурии исломии Эрон ба фалсафаи вуҷудии инқилоби исломии Эрон гиреҳ хурдааст.

Ҷибилӣ афзуд, арзиши кор дар муовинати бурунмарзии Созмони Садо ва симои Ҷумҳурии исломии Эрон ба андозаи расолати ҷаҳонии инқилоби исломӣ аст.

Нақши расонаи мустақил дар расондани ахбор ва интиқоли ҳақоиқ ва таҳлили руйдодҳои ҷаҳон аз аҳамияти зиёде бархурдор аст. Амрико ба вижа дар солҳои ахир талош кардааст бо истифода аз абзори таҳрим, расонаи бурунмарзиро бо чолиш ру ба ру кунад, аммо натавонистааст монеъ аз таъсиргузории ин расона шавад.

Расонаҳои ғарбӣ солиёна даҳҳо миллион доллар ҳазина мекунанд, то таҳлиле ғайривоқеӣ аз руйдодҳоро дар зеҳни мухотабон эҷод кунанд. Ба ҳамин далел аз ин ки расонае дар буъди миллӣ ва дар арсаи бурунмарзии гуфтумон ва тасвире воқеӣ аз таҳаввулот дар минтақа ва ҷаҳонро ба мухотабон арза мекунад асабонӣ ҳастанд.

Доктор Паймони Ҷибилӣ муовини бурунмарзии Садо ва симои Эрон дар ин замина бо ишора ба тавтеаҳои душманон барои зарба задан ба шабакаҳои бурунмарзии Созмони Садо ва симои Эрон тасреҳ кард, пахши клипи амалиёти Ҳизбуллоҳ дар Фейсбук ва пахши мусоҳибае аз сардор сарлашкар Қосими Сулаймонӣ фармондеҳи нерӯи қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ боис шуд, ки душманон дар фаолиятҳои шабакаҳои бурунмарзии Созмони Садо ва симои Эрон ихтилол эҷод кунанд.

Ҷибилӣ таъкид кард, шабкаҳои бурунмарзии Созмони Садо ва симои Эрон бо вуҷуди иқдомоти харобкоронаи душманон бо қудрат ба фаолиятҳои худ идома медиҳанд.

Расонаҳои мустақиле чун ЭронПресс, Алъолам, Саҳар, Алкавсар ва ПрессТВ дар ростои инъикоси воқеиятҳое, ки давлати Амрико ва муттаҳидонаш алоқае ба интишори он надоранд, гом бармедоранд ва тавонистаанд гуфтумони хабарӣ ва тасвириро ба беҳтарин наҳв пушиш диҳанд. Ин раванд муҷиби эътимодсозии ҷамъӣ аз тариқи расона ва афзоиши огоҳӣ нисбат ба таҳаввулоти минтақа шудааст. Ин дар ҳолест, ки душманон талош мекунанд афкори умумиро фиреб диҳанд ва бо абзори расона ҷараёнҳои хабарӣ ва интишори тасовири руйдодҳои муҳими ҷаҳонро дар масири аҳдофи худ мудирият кунанд.

Раберт Мак Маҳон коршиноси Шурои равобити хориҷии Амрико бо таъкид бар аҳамияти истифода аз қудрати расона мегуяд, аз онҷо ки иқдоми низомии зидди Эрон баид ба назар мерасад гузинаи қудрати нарм бо истифода аз ташдиди марокизи суханпароканӣ дар авлавият аст.

Иқдомоте ҳамчун қатъи пахши барномаҳои Эрон аз шабакаҳои моҳвораӣ ва ихлол дар фаолияти шабакаҳои бурунмарзӣ мисдоқи боризи сензура ва пешгирӣ аз интишори ҳақоиқ ва дидгоҳҳои мухталиф дар шабакаҳои иҷтимоии ҷаҳонӣ ва бархурди ғайримантиқӣ бо расонаи мустақил аст. Аз нигоҳи Амрико фаолияти ҳар расонае, ки бо Амрико ҳамроҳ набошад ва аз ин кишвар ва режимҳои саҳюнистӣ ва Арабистон интиқод ва ҷиноятҳои онҳоро ифшо кунад таблиғот ба ҳисоб меояд. Воқеиятҳоро аммо наметавон бо фазосозӣ ва ихлол дар раванди ҷараёни озоди хабар аз нигоҳи мухотабон пинҳон кард ва афкори умумиро фиреб дод, зеро ин мухотабон ҳастанд, ки бо такия бар асли ҳақи интихоб расонаи эътимодсозро ташхис медиҳанд.

Онгуна, ки сардор сарлашкар Ҳусайни Саломӣ фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар маросими таҷлил аз муҷоҳидатҳои расонаии муовинати бурунмарзии Садо ва симои Эрон гуфт, душманон талош мекунанд ҳуқуқи башар, озодӣ, ҷанг ва дифои машруъро ба гунае таъриф кунанд, то ҷинояти саҳюнистҳо, дифои машруъ ва қурбонӣ шудани кудакони яманӣ ва фаластинӣ, ҷангталабӣ таъриф шавад.

Расона метавонад инъикоси пажвоки садои мазлумон бошад. Ин ҳамон набарди расонаӣ аст ва расонаҳои бурунмарзии Эрон метавонанд бо нишон додани ҳақиқат, аз расонаҳои душман эътиборзудоӣ кунанд.