Ҳинд иддаои Трамп дар бораи оташбас бо Покистонро рад кард
(last modified Wed, 14 May 2025 09:37:03 GMT )
Май 14, 2025 14:37 Asia/Dushanbe
  • Ҳинд иддаои Трамп дар бораи оташбас бо Покистонро рад кард
    Ҳинд иддаои Трамп дар бораи оташбас бо Покистонро рад кард

Порс-Тудей. Ҳинд иддаои Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрикоро дар бораи миёнҷигарӣ байни Деҳлии Нав ва Исломобод рад кард.

Бо авҷ гирифтани таниш миёни Ҳинду Покистон, даргириҳои низомӣ миёни ду кишвар рух дод. Вазирони умури хориҷаи ду кишвар рӯзи шанбе эълом карданд, Исломободу Деҳлии Нав бар сари иҷрои фаврии оташбаси комил ва таваққуфи иқдомоти низомӣ ба тафоҳум расидаанд.

Ба гузориши Порс-Тудей, ба нақл аз Ирна, Вазорати умури хориҷаи Ҳинд рӯзи чаҳоршанбе иддаои Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрикоро дар бораи миёнҷигарии Вашингтон дар муноқишаи Ҳинду Покистон ва ҷилавгирӣ аз ҷанги ҳастаӣ аз тариқи фишори тиҷорӣ беасос хонд.

Ин ниҳоди ҳиндӣ иддаои Трамп дар хусуси таҳдид ба таваққуфи тиҷорат бо Ҳинду Покистон барои водор кардани ин ду кишвар ба оташбасро такзиб кард.

Дастгоҳи дипломатияи Ҳинд эълом кард, ки мавзеи деринаи миллии ин кишвар бар ин аст, ки ҳар масъалае марбут ба минтақаи иттиҳодияи Ҷому ва Кашмир танҳо бояд ба сурати дуҷониба миёни Деҳлии Нав ва Исломобод ҳаллу фасл шавад.

Ҳамчунин нашрияи «Таймс оф Индия»-и Ҳинд дар як гузориш таъкид кардааст, ки Трамп миёнҷии оташбаси Ҳинд - Покистон набудааст.

Афроди мусаллаҳ шомгоҳи сешанбеи бистудувуми апрел бо кушодани оташ ба сӯи гуруҳе аз гардишгарон дар минтақаи туристии Паҳалгом, воқеъ дар ҳудуди 90 километрии шаҳри Сринагар дар Кашмири Ҳинд, дастикам 26 нафарро куштанд.

Мақомҳои ҳиндӣ ин ҳодисаро як ҳамлаи террористӣ тавсиф карданду муддаии дахолати Покистон дар ин ҳамла шуданд. Покистон иттиҳомҳои Ҳиндро рад кардааст.