Октябр 09, 2019 15:02 Asia/Dushanbe
  • Номаи эътирозии Эрон ба дафтари умури фазоии Милали Муттаҳид

Намояндагии доими Эрон назди созмонҳои байналмилалии мустақар дар Вена, номаи раиси Созмони фазоии Эрон дар хусуси иқдоми Амрико дар таҳрими ғайриқонунии ин созмонро ба мудири дафтари умури фазоии Милали Муттаҳид таслим кард.

Ба нақл аз Ирна, Вазорати хазонадории Амрико 3-юми сентябри 2019 дар иқдоме хасмона зидди Теҳрон, Созмони фазоии Эронро таҳрим кард.

Дар ин нома бо ишора ба таҳрими ғайриқонунӣ ва якҷонибаи Амрико зидди Созмони фазоии Эрон омадааст: Маъмурият ва масъулияти ин созмон, пӯшиш ва пуштибонӣ аз истифодаи сулҳомези ғайринизомӣ аз фазои моварои ҷав аст.

Ин нома бо таъкид бар ин, ки иқдомоти қаҳрии якҷонибаи Амрико, мухолифи ҳуқуқи байналмилал ва усули ҳамкорӣ дар фаъолиятҳои фазоӣ ва дастрасии озоди тамомии давлатҳо ба фазо ба таври хос аст меафзояд: Эрон дар бистари балоҳои табиӣ монанди зилзила, сел ва хушксолӣ қарор дорад, ки истифода аз фанноварии фазоӣ барои пешгирӣ аз ин балоҳо ва коҳиши асароти он ҳаётӣ аст.

 

Барчасп