Сарлашкар Саломӣ: Дарё - майдони таъйинкунанда дар набард бо истикбор
(last modified Wed, 09 Oct 2019 13:26:12 GMT )
Октябр 09, 2019 18:26 Asia/Dushanbe
  • Сарлашкар Саломӣ: Дарё - майдони таъйинкунанда дар набард бо истикбор

Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дарёро майдони таъйинкунанда дар набард бо мустакбирон тавсиф кард.

Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ гуфт, душманони миллати Эрон ҳатто дар ҳаддиаксари қудрати худ низ дар муқобили нерӯҳои мусаллаҳи Эрон камтавон ҳастанд.

Сардори сарлашкар Ҳусайни Саломӣ, фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ рӯзи чаҳоршанбе дар маросими донишомӯхтагии донишҷӯёни коршиносии Доншгоҳи улум ва фунуни дарёии имом Хоманаии Нерӯи дарёии Сипоҳи посдорон дар устони Гелон, шимоли Эрон, аз нерӯҳои ҷавон ба унвони ниҳолҳое ботароват ва пурсамари инқилоби исломӣ ёд кард ва афзуд: “Нерӯҳои ҷавони сипоҳ бояд идомадиҳандаи роҳи наслҳои пешин дар мубориза бо мустакбирон бошанд”.

Сарлашкар Саломӣ бо баёни ин ки Ҷумҳурии Исломии Эрон қуллаҳои бисёреро пеширӯ дорад, ки бояд фатҳ кунад, гуфт, ҷумҳурии исломӣ баъд аз чиҳил соли мубориза ва истодагӣ ба ин ҳақиқат расидааст, ки метавонад душманони худро шикаст диҳад.

Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бо ишора ба тавфиқот ва дастовардҳои Эрони исломӣ баробари душманон ва мустакбирони ҷаҳонӣ таъкид кард, нерӯҳои мусаллаҳи Эрон бо ин вуҷуд ҳеҷгоҳ душманро дастикам намегирад ва ҳамвора дар масири истодагӣ ва муқовимат ба дунболи пешрафт аст.

Сарлашкар Саломӣ бо баёни ин ки ҳузур дар майдонҳои дарёӣ ниёзманди омодагии илмиву ҷисмӣ аст, гуфт, тавоноии илмӣ, ҷисмӣ ва имон се пояи муваффақият дар маёдини ҷанги дарёӣ аст.