Вокуниши Эрон ба интихоби ҷонишини Могерини
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i47450-Вокуниши_Эрон_ба_интихоби_ҷонишини_Могерини
Сухангӯи вазорати хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон эълом кард, Эрон аз таомули ҳамроҳ бо ҳусни ният ва эҳтироми мутақобил бо Иттиҳоди Аврупо истиқбол мекунад.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Октябр 10, 2019 17:31 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Эрон ба интихоби ҷонишини Могерини

Сухангӯи вазорати хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон эълом кард, Эрон аз таомули ҳамроҳ бо ҳусни ният ва эҳтироми мутақобил бо Иттиҳоди Аврупо истиқбол мекунад.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, Саидаббоси Мусавӣ дар бораи оғоз ба кори Ҷозеп Боррелл (Josep Borrell), намояндаи олии ҷадиди Иттиҳоди Аврупо дар умури сиёсати хориҷӣ ва амниятӣ, ибрози умедворӣ кард, Ҷозеп Боррелл битавонад дар муқобила бо якҷонибагароӣ, ифротӣ ва зӯргуиҳои Амрико ва бархе аз бозигарони минтақаӣ, ки бузургтарин душвориҳоро барои дипломосӣ ва равобити созандаи кишварҳо эҷод кардаанд, тавфиқ дошта бошад.

Мусавӣ таъкид кард, Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҳамкорӣ ва таомул ҳамроҳ бо ҳусни ният ва эҳтироми мутақобил бо намояндаи олии ҷадиди Иттиҳоди Аврупо дар умури сиёсати хориҷӣ ва амниятӣ истиқбол мекунад.

Вай ҳамчунин афзуд, хонум Могерини дар замони тасадии ин симмат нигоҳи мутавозин ва мусбате ба равобити байналмилал ва чандҷонибагароӣ дошта ва нақши созандае низ дар музокироти мунтаҳӣ ба БарҶом ифо кард.

Парлумони Аврупо дирӯз (чаҳоршанбе) расман Ҷозеп Боррелл, вазири умури хориҷаи пешини Испанияро ба унвони масъули сиёсати хориҷии ин иттиҳодия таъйид кард ва қарор аст, вай аз ибтидои ноябри 2019 ҷойгузини Федерико Могерини шавад.