Октябр 10, 2019 18:28 Asia/Dushanbe
  • Вуруди ҳудуди 5 миллион гардишгари хориҷӣ ба Эрон

Алиасғари Мунисон, вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноати дастии Эрон рӯзи панҷшанбе дар ҳамоиши байналмилалии гардишгарӣ дар Машҳад изҳор дошт, бахши гардишгарӣ бо тавсеаи пойдор ва ҳамгун сабаби эҷоди равнақи иқтисодӣ мешавад.

Ба гузориши Эрон Пресс, Мӯнисон бо баёни инки дар соли гузаштаи шамсӣ, ҳудуди ҳафт миллион гардишгари хориҷӣ вориди Эрон шуданд хотирнишон кард, аз ибтидои имсол токунун низ 4 миллиону 900 ҳазор гардишгари хориҷӣ вориди кишвар шудаанд.

Вай ҳамчунин афзуд, Эрон рутбаи дуввуми дунёро дар суръати рушди гардишгарӣ касб кардааст.

Нахустин ҳамоиши байналмилалии фурсатҳои сармоягузории гардишгарӣ бо мушорикати 6 кишвари Туркманистон, Афғонистон, Покистон, Туркия, Уммон, Тоҷикистон ва шаш устони Хуросонҳои Шимолӣ, Ҷанубӣ, Разавӣ, Кирмон, Симанон, Систон ва Балучистон ба ҳамроҳи муассисаи фарҳангии "ЭКО" дар Машҳад, баргузор шуд.