Октябр 11, 2019 18:19 Asia/Dushanbe
  • Хатиби ҷумъаи Теҳрон: Амрико, Англия ва  саҳюнистҳо решаи иғтишошоти ахири Ироқ ҳастанд

Хатиби ҷумъаи Теҳрон гуфт: Иғтишошоти ахири Ироқ се тарафи асосӣ, шомили Амрико, Англия ва режими саҳюнистӣ дошт, ки иғтишошгаронро инқилобиёни ироқӣ муаррифи карданд.

Оятуллоҳ Хотамӣ, дар хутбаҳои намози ҷумъаи Теҳрон бо ибрози таассуф аз кушта ва захмӣ шудани даҳҳо нафар аз мардуми Ироқ дар эътирозоти ахири ин кишвар афзуд: Хостаҳои маишатӣ, ки мӯътаризон доштанд, ба таъбири масъулони ироқӣ ва нахуставазири ин кишвар хостае барҳақ будааст.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон гуфт: Режимҳои муртаҷеи араб ва пасмондаҳои ҳизби Баъс ва бархе аз расонаҳои саудӣ, англисӣ ва амрикоӣ, мӯҷиби густариши нооромӣ ва иғтишош дар Ироқ шуданд.

Оятуллоҳ Хотамӣ бо баёни ин, ки бетардид душманони мардуми Ироқ ба дунболи сӯистифода аз ин моҷаро буданд тасреҳ кард: Душманон бо эҷоди иғтишош дар Ироқ ба дунболи аҳдофе, аз ҷумла эҷоди тарс ва нигаронӣ дар роҳпаймоёни "Арбаин"-и ҳусейнӣ ва тафриқа байни мардум ва байни ду миллати Эрон ва Ироқ буданд.