Октябр 11, 2019 19:31 Asia/Dushanbe
  • Вазорати хориҷаи Эрон: Оқибатҳои ҳодисаи нафткаши эронӣ бар ӯҳдаи моҷароҷӯён аст

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба ҳадаф қарор гирифтани нафткаши эронӣ дар Баҳри Сурх эълом кард: Тамоми масъулиятҳои ношӣ аз ин иқдом, аз ҷумла олудагии шадиди зистмуҳитии эҷодшуда дар минтақа бар ӯҳдаи авомили ин моҷароҷӯии хатарнок аст.

Сайид Аббоси Мӯсавӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон тасреҳ кард: Баррасиҳои ширкати миллии Нафткаши Эрон нишон медиҳад, ки киштии эронӣ субҳи ҷумъа аз маконе наздик ба коридори убурии ин нафткаш аз шарқи Баҳри Сурх ду бор ва ба фосилаи ҳудуди ним соат ҳадаф қарор гирифта ва осеб дидааст.

Мӯсавӣ бо ишора ба таҳти назорат будани шароити нафткаш афзуд: Хадамаи нафткаш ҳеҷ гуна осебе надидаанд ва киштӣ дар ҳолати пойдор қарор дорад.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт: Дар чанд моҳи гузашта бархе иқдомоти тахрибии дигар низ алайҳи нафткашҳои Эрон дар Баҳри Сурх сурат гирифта, ки баррасиҳо дар хусуси авомили дахил дар ин иқдомот дар ҳоли анҷом аст.