Октябр 14, 2019 14:04 Asia/Dushanbe
  • Дабири Шӯрои амнияти Эрон; ғарби Осиё бе Амрико амнтар аст

Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон бо ишора ба иддаъои мақомҳои амрикоӣ бинобар ҳимоқатбор будани ҳузури низомии ин кишвар дар минтақаи ғарби Осиё таъкид кард ; ғарби Осиё бе Амрико ҷои амнтаре аст.

Ба нақл аз ИРНА, Доналд Трамп раиси ҷумҳурии Амрико чоршанбеи гузашта дар саҳифаи шахсии худ дар ТВИТТЕР бо дифоъ аз хуруҷи низомиёни ин кишвар аз шимоли Сурия навишт; Амрико набояд аслан дар Ховари Миёна ҳузур медошт.

Дар паи ин изҳор назар, Алии Шамхонӣ дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон гуфт; изҳор назарҳои сариҳи мақомоти олии Амрико дар ду моҳи гузашта ва иддао ба ҳамоқатбор будани ҳузури низомии Амрико дар ғарби Осиё, нишондиҳандаи ҳақоиқе аст,ки пеш аз ин сохтори ҳокимият дар ин кишвар шуҷоати пазириш ва ибрози онро надоштааст.

Шамхонӣ бо ишора ба шикасти тарҳҳои Амрико дар минтақаи ғарби Осиё аз ҷумла таҷзияи Ховари миёна Муомилаи қарн, Тағийри режим дар Эрон, Жандармии Арабистон дар минтақа, Ҷанги Яман, Сулҳи Афғонистон ва буҳрони Сурия афзуд; ҳайати ҳокимаи Амрико мутаваҷеҳи ин мавзуъ шудааст,ки ин кишвар имрӯз ба ҳар далеле, лавозими абарқудратиро дар ихтиёр надорад ва бозгашт ба даврони авҷи амри маҳол ва дур аз дастрас аст.

Дабири шӯрои олии амнияти миллии Эрон гуфт; баёни эътирофоти талхи мо ибратомӯз аз суи ҳайати ҳокимаи Амрико муҷиб шудааст,ки бисёре аз кишварҳои минтақаи ғарби Осиё, ҳатто он гурӯҳе,ки солҳо заминасоз ва мизбони ҳузури Амрико дар минтақа будаанд,ба ин воқеъият эътироф кунанд,ки ғарби Осиё бе Амрико ҷои амнтаре аст.

Барчасп