Октябр 15, 2019 17:39 Asia/Dushanbe
  • Таҷлили дабири кулли Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ аз пешрафтҳои беҳдоштии Эрон

Дабири кулли Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ (СБҶ) бо баёни ин ки Ҷумҳурии Исломии Эрон дар заминаи беҳдоштӣ дар минтақаи Медитарона (Миёназамин) –и шарқӣ пешгом аст, изҳор дошт, Эрон бо иртиқои хадамоти беҳдоштӣ, маргу мири кӯдакон, занон ва бемориҳои вогирро контрол кардааст.

Ба гузориши ИРНА, Тедрос Аданум рӯзи сешанбе дар шастушашумин иҷлоси вазирони беҳдошти минтақаи Медитаронаи шарқии Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар Теҳрон афзуд, бо таваҷҷуҳ ба дастовардҳои беҳдоштии Эрон, СБҶ муваззаф аст ба ин кишвар кумак кунад то ба кайфияти беҳтар ва болотари хадамоти беҳдоштӣ даст ёбад.

Минтақаи Медитаронаи шарқӣ шомили кишварҳои шарқи баҳри Миёназамин, монанди Эрон, Ироқ, Қибрис, Афғонистон, Юнон, Миср, Фаластин, Туркия, Урдун, Сурия ва Лубнон аст.

Дабири кулли СБҶ ҳамчунин бо ишора ба барномаи ҷаҳонии ҳипотит гуфт, ин як барномаи ҷаҳонӣ барои контрол, пешгирӣ ва коҳиши маргу мири ношӣ аз ҳипотит аст, ки бояд барои иҷрои он дар кишварҳои ғарби Осиё, ба хусус Афғонистон талош кард.

 Аданум гуфт, бояд чорчӯбе барои контроли ин маргу мирҳо таҳия шавад то модарон, навзодон ва беморон битавонанд зиндагии солиме дошта бошанд ва СБҶ барои расидан ба ин ҳадаф ниёзманди парасторон, беҳёрон ва нерӯҳои беҳдоштии бештаре аст.

 

Шастушашумин иҷлоси вузарои беҳдошти минтақаи Медитаронаи шарқӣ рӯзи сешанбе бо ҳузури раисҷумҳури Эрон дар Теҳрон оғоз шуд.

Дар ин иҷлос, ки бо ҳузури 22 вазири беҳдошти минтақа баргузор мешавад, дар хусуси муҳимтарин масоили марбут ба саломат, аз ҷумла сабки зиндагӣ ва таъсири он дар саломати шаҳрвандон, саломати навзодон, кӯдакон, навҷавонон ва ҷавонон, дору ва таъмини ҳазинаҳои он, бемориҳои ғайривогир, пизишки хонавода ва мабоҳиси марбут ба бемориҳои вогир баҳсу табодули назар хоҳад шуд.

 

Барчасп